Масъалаи бунёди захираи боэътимоди матнҳои тоҷикӣ дар фазои рақамӣ баррасӣ шуд
“Атлантик” мегӯяд ҷанги Эрон Трампро “хашмгин” ва “фалаҷ” кардааст
Маскав: ҳузури дубораи Амрико дар Афғонистон ба кишварҳои минтақа таҳдид аст
Трамп: “Дар куштани роҳбарони Эрон зиёдаравӣ кардем / Ҳоло бо кӣ гуфтугӯ кунем”
Сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба Бунёди рушди сайёҳии Тоҷикистон маблағ месупоранд
Дар Тоҷикистон барои дастгирӣ ва рушди соҳаи сайёҳӣ Бунёди рушди сайёҳӣ таъсис дода шуд. Маблағи ин бунёд аз чанд манбаъ, аз ҷумла пардохтҳои шаҳрвандони Тоҷикистон барои сафарҳои хориҷӣ ва сайёҳони хориҷӣ барои сафарҳои дохилӣ ҷамъоварӣ мешавад.
Қарори таъсиси бунёдро Ҳукумати Тоҷикистон 1-уми июли соли 2026 қабул кардааст.
Тибқи қоидаҳои нав, ба бунёд 5 дарсади маблағи бастаҳои сайёҳӣ, ки шаҳрвандони Тоҷикистон барои сафар ба хориҷ мехаранд, ворид мешавад. Аз сайёҳони хориҷӣ низ барои ҳар шабонарӯзи сафар дар дохили Тоҷикистон маблағ ситонида мешавад.
Ҳамчунин, ҳаққи додани иҷозат барои пешниҳоди хизматрасониҳои сайёҳӣ, ҷаримаҳо, даромад аз пасандозҳо ва грантҳои созмонҳои байналмилалии молиявӣ аз дигар манбаъҳои маблағгузории бунёд ба шумор мераванд.
Маблағҳои ҷамъшуда бояд танҳо барои рушди соҳаи сайёҳӣ истифода шаванд. Аз ҷумла, онҳо барои бунёд ва такмили зерсохтори сайёҳӣ, омода кардани мутахассисон, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва татбиқи навовариҳо равона хоҳанд шуд.
Назорати фаъолияти бунёд ба Шурои 13-нафара вогузор шудааст. Кумитаи рушди сайёҳӣ вазифаи Котиботи шуроиро иҷро карда, ҳар шаш моҳ ба ҳукумат ҳисобот пешниҳод мекунад.
Барои таъмини шаффофият, натиҷаҳои фаъолияти бунёд бояд ҳамасола дар сомонаи расмии Кумитаи рушди сайёҳӣ нашр шаванд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Даври сенздаҳуми машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистону Австрия баргузор гардид
Масъалаи бунёди захираи боэътимоди матнҳои тоҷикӣ дар фазои рақамӣ баррасӣ шуд
“Атлантик” мегӯяд ҷанги Эрон Трампро “хашмгин” ва “фалаҷ” кардааст
Маскав: ҳузури дубораи Амрико дар Афғонистон ба кишварҳои минтақа таҳдид аст