Дар Туркманистон Фестивали таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши маҳсулоти саноатию кишоварзӣ доир шуд
Фестивали ҷумҳуриявии фалаксароён «Садои дил» баргузор мегардад
Кимиё Хотун: духтари Мавлоно ё зани фаромӯшшуда. Издивоҷи ӯ бо Шамси Табрезӣ ба як “сирри таърихӣ” табдил ёфт?
Манзаралӣ Шералӣ: “Филми хуб ҳам худаш тамошобинро пайдо намекунад”
Барои муаррифии фарҳанги миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ. «Фестивали тобистонаи Душанбе-2026» ҷамъбаст гардид
22-юм ва 23-юми август дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» бо ташаббус ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе «Фестивали тобистонаи Душанбе-2026» («Dushanbe Summer Fest- 2026») баргузор шуд.
Тавре ки Раёсати рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иттилоъ додааст, давоми ду рӯз дар ҳудуди «Наврӯзгоҳ» барномаи гуногуни фарҳангӣ, фароғатӣ ва сайёҳӣ пешниҳод гардид. Меҳмонон аз намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, таом ва хӯришҳои миллӣ ва байналмилалӣ, шириниҳо, нӯшокиҳои гуногун, инчунин, бозиҳои варзишиву зеҳнӣ, озмуну викторинаҳо, намоишҳои театриву сиркӣ, сайру гашт тавассути асп ва дигар чорабиниҳои фароғатӣ баҳравар шуданд.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар қисмати фарҳангии фестивал сарояндагони маъруфи кишвар, аз ҷумла Ашур Қурбонов, Шаҳло Ҳафизова, Барон, Нилуфари Сарбоз, Беҳрӯз Мирзоев, Нишонаи Рустам, Акмал Ошурмамадов, Ситораи Кароматулло, M.One, Фариддуни Хуршед, Иззат Шарифӣ, Фотима Машрабова, Афзалшо Шодиев, Мадина Ақназарова, Фарзонаи Хуршед, Зикрулло Ҳакимов, Зулайхо Маҳмадшоева ва Шабнами Сураё ҳунарнамоӣ карданд. Ҳамчунин, дар доираи барномаи консертӣ сарояндагони машҳури хориҷӣ Севак ва Ҷанага ба иштирокчиёни фестивал руҳияи идона бахшиданд.
Манбаъ навиштааст, ки «Фестивали тобистонаи Душанбе» барои муаррифии фарҳанги миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, рушди соҳибкорӣ ва хизматрасонӣ, ҷалби бештари сайёҳон ва фароҳам овардани фазои мусоиди истироҳату фароғат барои сокинону меҳмонони пойтахт заминаи мусоид фароҳам овард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Эътирози хиёбонии “Насли Z” ва хонадони Гандӣ дар муқобили ислоҳоти Модӣ дар Ҳиндустон: интихобот қоғазӣ шавад
Озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” ҷамъбаст шуд
Боздошти зане, ки ба ноболиғон чилими электронӣ мефурӯхт
Бақоӣ: “Вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор ҳақиқат надорад”