Пешвои миллат дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ суханронӣ карданд
Сарвари давлат бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд
Ғолибони Бозиҳои XX-уми Делфӣ дар гала-консерт баромад карданд
Сарвари давлат дар Мулоқоти ҳаштуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон суханронӣ намуданд
Тоҷикистон дарҳои саноати худро ба сармояи Гулистони Эрон бозтар мекунад
Таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ ва хатҳои истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ аз ҷумлаи самтҳои нави ҳамкории Тоҷикистон ва вилояти Гулистони Эрон хоҳад буд. Ҷониби Тоҷикистон ҳамчунин, аз омодагӣ барои афзоиши воридоти маҳсулоти мавриди ниёз аз Эрон хабар дод.
Дар мулоқоти Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, бо Алиасғар Таҳмосибӣ, раиси вилояти Гулистони Эрон, масъалаҳои рушди робитаҳои тиҷоратӣ, саноатӣ ва иқтисодии Тоҷикистон ва ин вилояти Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Алиасғар Таҳмосибӣ зимни мулоқот имкониятҳои иқтисодиву истеҳсолии вилояти Гулистонро муаррифӣ карда, бахусус ба иқтидори он дар соҳаи саноати хӯрокворӣ, коркард ва бастабандии маҳсулот ва рушди занҷираи арзиши иловашуда ишора кард.
Ба гуфтаи ӯ, Гулистон барои рушди истеҳсолот, афзоиши содирот ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки саноатӣ имкониятҳои назаррас дорад. Ин иқтидор метавонад барои густариши мубодилаи иқтисодӣ бо Тоҷикистон истифода шавад.
Волии Гулистон таъкид кард, ки байни Тоҷикистон ва ин вилояти Эрон имкониятҳои зиёди муштарак барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ вуҷуд дорад. Ба гуфтаи ӯ, истифодаи ҳадафмандонаи ин имкониятҳо метавонад барои ду ҷониб манфиатҳои устувори иқтисодӣ ба вуҷуд оварад.
Ӯ ҳамчунин, ба зарурати афзоиши содироти маҳсулоти ғизоӣ, табодули таҷриба, барқарор кардани робитаи мустақим байни соҳибкорон ва истеҳсолкунандагон ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаи саноати коркард таъкид кард.
Шералӣ Кабир аз пешниҳодҳои ҷониби Эрон истиқбол карда, омодагии Тоҷикистонро барои густариши ҳамкориҳои иқтисодиву саноатӣ бо Эрон баён намуд.
Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон гуфт, ки барои рушди муносибатҳои тиҷоративу истеҳсолӣ имкониятҳои зиёд мавҷуданд. Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон омода аст ҳамкориҳоро дар самтҳое ба мисли сармоягузории муштарак дар саноат, таъсис ва рушди хатҳои истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ ва афзоиши воридоти маҳсулоти мавриди ниёзи бозор густариш диҳад.
Ҷонибҳо дар анҷоми мулоқот таъкид карданд, ки рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва саноатӣ метавонад ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва таъмини манфиатҳои муштараки Тоҷикистону Эрон мусоидат кунад. Онҳо ҳамчунин, ба идомаи музокирот ва муайян кардани роҳҳои амалии татбиқи тавофуқҳои бадастомада таъкид карданд.
Дар идомаи барнома волии раиси Гулистон ва ҳайати эронӣ ҳамроҳ бо вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон аз Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти ғизоӣ ва бастабандии “UPAK EXPO 2026” дар Душанбе боздид карданд.
Дар ин намоишгоҳ ширкатҳои истеҳсолии Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои хориҷӣ маҳсулоти нав ва имкониятҳои худро дар соҳаҳои истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ, саноати марбут ба он ва бастабандӣ ба намоиш гузоштаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Эътирози хиёбонии “Насли Z” ва хонадони Гандӣ дар муқобили ислоҳоти Модӣ дар Ҳиндустон: интихобот қоғазӣ шавад
Озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” ҷамъбаст шуд
Боздошти зане, ки ба ноболиғон чилими электронӣ мефурӯхт
Бақоӣ: “Вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор ҳақиқат надорад”