13 Октябр 2026,
сешанбе, 11:40, Душанбе
24.08.2026 08:50

Украина ва Норвегия тавофуқнома ҳамкории дифоӣ ва амниятӣ имзо карданд

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, эълом кардааст, ки Киев ва Осло тавофуқномаи ҳамкорӣ дар заминаи дифоъ ва амниятро дар чаҳорчӯби «тавофуқи паҳподӣ» имзо кардаанд.

Зеленский рӯзи душанбе, 24-уми август, гуфтааст, ки ӯ ва Йонас Гар Стёре, нахуствазири Норвегия, ҳамчунин, эъломияи ҳамкории стратегӣ миёни ду кишвар бо номи «тавофуқи Элисеф»-ро имзо кардаанд.

Ба гуфтаи Зеленский, асноди имзошуда заминаи ҳамкории дарозмуддат миёни Украина ва Норвегияро дар бахшҳои дифоъ, энержӣ ва афзоиши тобоварии мардуми ду кишвар тақвият мекунад.

Зеленский аз идомаи ҳимояти Норвегия аз Украина ва ихтисоси ҳудуди 9 миллиард доллар барои соли 2027 низ истиқбол кардааст.

Гуфтанӣ аст, ки Норвегия аз оғози ҷанги Русия ва Украина бо кумакҳои молӣ, дифоӣ ва энержӣ аз Украина ҳимоят карда ва бар идомаи ин пуштибонӣ таъкид доштааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

12.10.2026 19:10

Эътирози хиёбонии “Насли Z” ва хонадони Гандӣ дар муқобили ислоҳоти Модӣ дар Ҳиндустон: интихобот қоғазӣ шавад

Аз рӯзи 10-уми октябр ба ин сӯ дар шаҳри Деҳлии нав ва дигар шаҳрҳои Ҳиндустон ҷавонон ва тарафдорони Ҳизби конгресси Ҳиндустон намоишҳои хиёбонии эътирозӣ доир намуда, ҳукумати Модиро ба он муттаҳам мекунанд, ки мардумро аз ҳаққи овоздиҳӣ маҳрум мекунад.
12.10.2026 18:49

Бақоӣ: “Вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор ҳақиқат надорад”

Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, дар вокуниш ба хабари вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор гуфтааст, ки ин масъала бар асари “нофаҳмӣ” ба миён омадааст.