13 Октябр 2026,
сешанбе, 11:38, Душанбе
24.08.2026 06:33

Қароргоҳи Иттиҳоди Аврупо бо рангҳои парчами Украина равшан карда шуд

Комиссияи Аврупо эълом кардааст, ки бинои марказии ин ниҳод, «Берлаймонт» дар Брюссел, бо рангҳои кабуду зарди парчами Украина равшан карда шудааст.

Комиссияи Аврупо рӯзи душанбе, 24-уми август, гуфтааст, ки Украина аз принсипҳои асосии Аврупо, аз ҷумла соҳибихтиёрӣ, демократия ва ҳуқуқи интихоби ояндаи худ дифоъ мекунад.

Дар ин паём таъкид шудааст, ки «ҳамбастагии Иттиҳоди Аврупо бо Украина аз ҳарвақта қавитар аст».

Ин иқдом ҳамзамон бо таҷлили 35-умин солгарди истиқлоли Украина дар 24-уми август анҷом шудааст: муносибате, ки ниҳодҳои аврупоӣ бори дигар бар ҳимояти худ аз Киев таъкид кардаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

12.10.2026 19:10

Эътирози хиёбонии “Насли Z” ва хонадони Гандӣ дар муқобили ислоҳоти Модӣ дар Ҳиндустон: интихобот қоғазӣ шавад

Аз рӯзи 10-уми октябр ба ин сӯ дар шаҳри Деҳлии нав ва дигар шаҳрҳои Ҳиндустон ҷавонон ва тарафдорони Ҳизби конгресси Ҳиндустон намоишҳои хиёбонии эътирозӣ доир намуда, ҳукумати Модиро ба он муттаҳам мекунанд, ки мардумро аз ҳаққи овоздиҳӣ маҳрум мекунад.
12.10.2026 18:49

Бақоӣ: “Вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор ҳақиқат надорад”

Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, дар вокуниш ба хабари вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор гуфтааст, ки ин масъала бар асари “нофаҳмӣ” ба миён омадааст.
12.10.2026 15:35

Иттиҳоди Аврупо таҳримҳо алайҳи Русияро бо иловаи 1900 мавриди нав густариш медиҳад

Кая Каллас, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, рӯзи душанбе эълом кард, ки ин иттиҳод бо илова кардани 1900 мавриди нав ба феҳристи таҳримҳо алайҳи Русия мувофиқат кардааст.