Песков: “Аврупо барои идомаи ҷанг дар Украина талош мекунад”
ЮНИСЕФ: беш аз 2,6 миллион духтар дар Афғонистон аз таҳсил маҳрум шудаанд
Таҳлилгари Саудӣ: Арабистони Саудӣ қасд дорад ба зерсохторҳои энергетикии Яман ҳамла кунад
Ройтерз: Марко Рубио дар Ӯзбекистон бо намояндаи Тоҷикистон мулоқот мекунад
Сарвари давлат: “Ман ба масъулиятшиносӣ, таҷриба ва заҳмати софдилонаи бунёдгарони Роғун эътимоди комил дорам”
Имрӯз, 21-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун бо бунёдгарони Неругоҳи Роғун мулоқот намуданд.
Тавре ки хадамоти матбуоти Президенти кишвар хабар медиҳад, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шиносоӣ бо вазъи корҳо дар иншооти асрро натиҷагирӣ карда, барои вусъати корҳои созандагӣ дар назди бунёдгарони неругоҳ вазифаҳои нав гузоштанд.
“Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарону кормандони ширкатҳои ҳамкори хориҷӣ, муҳандисону мутахассисон ва бунёдкороне, ки дар ин майдони созандагӣ бо матонат ва эҳсоси баланди ватандорӣ заҳмат мекашанд, изҳори сипос намуданд”, - навиштааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ки Ҳукумати кишвар соли 2025 барои сохтмони неругоҳ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ, дар маҷмуъ, 8,1 миллиард сомонӣ равона намуд. Дар соли 2026 бошад, тибқи нақша 11,4 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Дар 7 моҳи соли равон барои корҳои сохтмону васлгарӣ аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 8,4 миллиард сомонӣ сарф шудааст.
Зикр мегардад, ки ҳоло дар иншооти неругоҳ зиёда аз 20 ҳазор коргарону кормандони муҳандисиву техникӣ фаъолият дошта, шумораи мошину механизмҳо ба 4000 расонида шудааст.
Гуфта мешавад, ки аснои таҳлили вазъи маблағгузории лоиҳаи бузурги бунёди неругоҳ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки сохтмони неругоҳи Роғун бо суръати хуб идома дошта, барои дар муҳлатҳои пешбинишуда ба анҷом расонидани он заминаи боэътимод фароҳам оварда шудааст.
Манбаъ навиштааст, ки дар фароварди сухан Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки “ман ба масъулиятшиносӣ, таҷриба ва заҳмати софдилонаи бунёдгарони Роғун эътимоди комил дорам”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати хориҷии Тоҷикистон ҳамла ба фурудгоҳҳо ва зерсохторҳои энергетикии Арабистони Саудиро маҳкум кард
Песков: “Аврупо барои идомаи ҷанг дар Украина талош мекунад”
ЮНИСЕФ: беш аз 2,6 миллион духтар дар Афғонистон аз таҳсил маҳрум шудаанд
Таҳлилгари Саудӣ: Арабистони Саудӣ қасд дорад ба зерсохторҳои энергетикии Яман ҳамла кунад