Маскав: ҳузури дубораи Амрико дар Афғонистон ба кишварҳои минтақа таҳдид аст
Трамп: “Дар куштани роҳбарони Эрон зиёдаравӣ кардем / Ҳоло бо кӣ гуфтугӯ кунем”
Фишори Трамп бар Зеленский: “Ба фикри тавофуқ бо Путин бош”
Артиши Яман аз сарнагун кардани паҳподи “Винг Лунг-2” хабар дод
Ироқчӣ: “Амалиёти иқтисодии Амрико сиёсати шикастхӯрда аст”
Вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Аббос Ироқчӣ фишорҳои нави иқтисодии Вашингтон бар зидди Теҳронро «сиёсати шикастхӯрда» номид ва ҳушдор дод, ки идомаи чунин сиёсат танҳо хашми эрониён нисбат ба Амрикоро бештар хоҳад кард.
Сайид Аббос Ироқчӣ рӯзи панҷшанбе, 20-уми август, дар шабакаи “X” дар вокуниш ба таҳдидҳои нави иқтисодии Доналд Трамп, президенти ИМА гуфт, ки Вашингтон бо идомаи ин сиёсатҳо ба натиҷаи баръакс хоҳад расид.
Ба гуфтаи вазири хориҷаи Эрон, он чизе ки Трамп онро «Рӯзи D-и иқтисодӣ» меномад, талоше барои парешон кардани таваҷҷуҳи ҷомеаи Амрико аз мушкилоти молии дохилии кишвар аст. Сайид Аббос Ироқчӣ ба қарзи бесобиқа ва афзоиши хароҷоти фоизии ИМА ишора кардааст.
Сайид Аббос Ироқчӣ гуфтааст, пофишорӣ бар идомаи сиёсатҳое, ки ба назари Теҳрон қаблан ноком шудаанд, танҳо ба шикастҳои бештар барои Вашингтон ва афзоиши хашми мардуми Эрон оварда мерасонад. Ӯ ҳамчунин, ИМА-ро ба истифодаи «терроризми иқтисодӣ» муттаҳам карда, гуфтааст, чунин фишорҳо метавонанд иқтисоди ҷаҳонӣ ва соҳибихтиёрии кишварҳоро таҳдид кунанд.
Изҳороти Ироқчӣ баъд аз он садо дод, ки Доналд Трамп аз оғози як амалиёти густурдаи иқтисодӣ бар зидди Эрон хабар дод. Трамп таҳдид кард, кишварҳое, ки ба Эрон аз ҷиҳати молиявӣ ё иқтисодӣ кумак мекунанд, метавонанд ба паёмадҳои сахти иқтисодӣ рӯбарӯ шаванд. Ӯ ин иқдомро як маъракаи бесобиқа барои фишор ба Теҳрон ва ҷудо кардани Эрон аз низоми иқтисодии байналмилалӣ тавсиф кардааст. Бар асоси гузоришҳои нашршуда, Вашингтон ҳамчунин, мехоҳад фишорро бар роҳҳои тиҷоратӣ, интиқоли маблағ ва ширкатҳое, ки ба Эрон дар идомаи фаъолияти иқтисодиаш кумак мекунанд, бештар кунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Нафси боиштиҳо”-и мошинҳо мақомоти Тоҷикистонро ба сӯйи Эрону Амрико мекашад
Сафари Президенти кишвар ба Шаҳринав аз боздиди Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода оғоз шуд
Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба Артиш 84 фоиз иҷро гардид
Файзалӣ Идизода бо иштирокчиёни Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд