ЮНИСЕФ: беш аз 2,6 миллион духтар дар Афғонистон аз таҳсил маҳрум шудаанд
Таҳлилгари Саудӣ: Арабистони Саудӣ қасд дорад ба зерсохторҳои энергетикии Яман ҳамла кунад
Дипломати рус: Дар ҳамлаи Украина ба хоки Русия кӯдакону ғайринизомиён кушта мешаванд
Аврупо аз наздикшавии эҳтимолии Вашингтон ва Маскав нигарон аст
Трамп аз оғози сахттарин “ҳамлаи иқтисодӣ” ба Эрон хабар дод
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури ИМА, иддао кард, ки Вашингтон амалиёти бесобиқаи иқтисодиро бар зидди Эрон оғоз кардааст. Иқдоме, ки ба гуфтаи ӯ, бояд роҳҳои асосии молиявӣ ва иқтисодии Теҳронро баста, кишварро ба таври комил дар инзиво қарор диҳад.
Трамп дар изҳороти нави худ алайҳи Эрон гуфт, ки имрӯз «харобиовартарин амалиёти иқтисодӣ» алайҳи ин кишварро эълом мекунад. Ба гуфтаи ӯ, чунин иқдом то ҳол дар мавриди ҳеч кишвари дигар татбиқ нашудааст. Президенти ИМА ин маъракаро ба гуфтаи худ як «ҷанги иқтисодӣ ва инзивои бесобиқа» алайҳи Эрон номид.
Трамп барои нишон додани аҳамияти ин иқдом онро бо рӯзи Нормандия дар Ҷанги ҷаҳонии дуюм муқоиса кард. 6-уми июни соли 1944 нерӯҳои муттаҳид дар соҳилҳои Нормандияи Фаронса фуруд омада буданд, ки яке аз нуқтаҳои гардиши ҷанг ба ҳисоб меравад.
Трамп ҳамчунин, аз муттаҳидони Амрико даъват кард, ки дар татбиқи фишорҳо алайҳи Эрон ба Вашингтон ҳамроҳ шаванд. Вай иддао кард, ки барои ҷудо ва мағлуб кардани «таҳдиди Эрон» ҳамкории ҳамаи муттаҳидони ИМА зарур аст.
Дар ҳамин ҳол, Трамп хостори қатъи роҳҳои мухталифи интиқоли маблағ ва даромад ба Эрон шуд. Ӯ аз ҷумла ба қочоқи нафт, муомилоти бартерӣ, интиқоли пули нақд, фаъолияти ширкатҳои саррофӣ ва истифодаи ширкатҳои сохта ишора кард.
Президенти ИМА ҳушдор дод, ҳар кишваре, ки ба муассисаҳои молиявӣ, ширкатҳо ё фурудгоҳҳои худ иҷозат диҳад барои Эрон «раги ҳаётӣ» фароҳам кунанд, бо «паёмадҳои азими иқтисодӣ» рӯбарӯ хоҳад шуд.
Трамп ҳамчунин, иддао кард, ки Эрон аз имкониятҳои қаблан пешниҳодшуда истифода накардааст ва ҳоло дар вазъияти ниҳоят душвор қарор дорад.
Вай дар идомаи суханонаш даъвоҳои қаблии худро дар бораи заъиф шудани тавоноии низомии Эрон такрор карда, гуфт, ки нерӯҳои дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар осеб дида, корхонаҳои низомии он ба хароба табдил ёфтаанд ва арзиши пули миллӣ коҳиш ёфтааст.
Трамп дар поёни изҳороташ иддао кард, ки ин иқдомҳои Вашингтон метавонанд ҳаракати иқтисодии Эронро «фалаҷ» карда, қобилияти кишварро барои густариши он чизе, ки ӯ «терроризм» меномад, аз байн баранд.
Бо вуҷуди ин, изҳороти Трамп дар заминаи танишҳои идомадор миёни Вашингтон ва Теҳрон садо медиҳанд. Ӯ қаблан низ борҳо аз сиёсати «фишори ҳаддиаксарӣ» алайҳи Эрон сухан гуфта буд, дар ҳоле ки мунаққидон чунин сиёсатҳоро яке аз омилҳои афзоиши танишҳо ва печидатар шудани роҳи музокироти ду кишвар медонанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати хориҷии Тоҷикистон ҳамла ба фурудгоҳҳо ва зерсохторҳои энергетикии Арабистони Саудиро маҳкум кард
Песков: “Аврупо барои идомаи ҷанг дар Украина талош мекунад”
ЮНИСЕФ: беш аз 2,6 миллион духтар дар Афғонистон аз таҳсил маҳрум шудаанд
Таҳлилгари Саудӣ: Арабистони Саудӣ қасд дорад ба зерсохторҳои энергетикии Яман ҳамла кунад