6 Октябр 2026,
сешанбе, 08:13, Душанбе
19.08.2026 19:26

18 нақлиёти ёрии тиббӣ ба Рашт, Файзобод, Шамсиддин Шоҳин, Дарвоз, Данғара ва Айнӣ дода шуд

19-уми август дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак» маросими тақдими 18 адад нақлиёти ёрии тиббӣ ба ноҳияҳои таҷрибавии лоиҳа Рашт, Файзобод, Шамсиддин Шоҳин, Дарвоз, Данғара ва Айнӣ баргузор гардид.

Тавре ки маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ хабар додааст, дар чорабинӣ муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, директори минтақавии Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Раёсати рушди захираҳои инсонӣ ва иҷтимоии Бонки Осиёии Рушд София Шакил, директори Намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ко Сакамото, инчунин, намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва сартабибони беморхонаҳои марказии ноҳияҳои таҷрибавии лоиҳа иштирок намуданд.

Гуфта мешавад, ки Лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак» ва лоиҳаи маблағгузории иловагӣ дар раванди татбиқи он дар рушду нумуи соҳаи тандурустии мамлакат, хусусан дар ноҳияҳои таҷрибавии Рашт, Файзобод, Шамсиддин Шоҳин, Данғара, Дарвоз ва Айнӣ, нақши калидӣ доранд.

Манбаъ меафзояд, ки Лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак» дар доираи ҳамкориҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд бо мақсади таъмини хизматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолӣ, хусусан модарону кӯдакон, дар ноҳияҳои Рашт, Файзобод, Шамсиддин Шоҳин, Данғара, Дарвоз ва Айнӣ татбиқ гардидааст.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

05.10.2026 16:54

Лавров: “Хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастем”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия, дар оғози ҳаштумин нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон гуфтааст, ки кишварҳои ширкаткунанда хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастанд.
05.10.2026 16:50

Лавров: “Маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстона то ду моҳи дигар ба Афғонистон мерасад”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия, дар ҳаштумин нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон эълом кард, ки маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстонаи ин кишвар тайи як то ду моҳи оянда ба Афғонистон ирсол хоҳад шуд.
05.10.2026 15:41

Бонки осиёии рушд барои беҳтар кардани низоми нафақа 20,5 миллион доллар грант ҷудо мекунад

Барои беҳтар кардани системаи нафақа, рақамикунонии хизматрасониҳои иҷтимоӣ, тақвият додани ҳифзи молиявии гурӯҳҳои осебпазир барои Тоҷикистон Бонки осиёии рушд 20 миллион доллар грант ҷудо мекунад.
05.10.2026 14:22

Бонки миллӣ аз навъи нави қаллобӣ ҳушдор дод

Бонки миллии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе хабар дод, ки вақтҳои охир қаллобон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳои «Telegram», «WhatsApp» ва дигар воситаҳои алоқа файлҳои зараровар дар формати «.apk» паҳн менамоянд.
05.10.2026 11:37

Қолибоф: “Эрон ҳам меҷангад ва ҳам музокира мекунад”

Муҳаммабоқир Қолибоф, раиси Маҷлис (парлумон)-и Эрон гуфт, ки Теҳрон ҳамзамон бо идома ёфтани ҷанг ё муқовимати низомӣ аз абзори дипломатӣ истифода хоҳад кард. Ӯ гуфт, то замоне, ки ҳафт шарти Эрон тибқи “Тавофуқномаи Исломобод” иҷро нашавад, тангаи Ҳурмуз боз нахоҳад шуд.