13 Октябр 2026,
сешанбе, 11:40, Душанбе
17.08.2026 11:30

Аврупо барои ҷорӣ кардани “густурдатарин бастаи таҳримҳо” алайҳи Русия омодагӣ мегирад

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо Кая Каллас гуфтааст, ки Брюссел қасд дорад дар моҳҳои оянда таҳримҳо алайҳи Русияро ба таври қобили мулоҳиза густариш диҳад.

Каллас дар суҳбат бо рӯзномаи олмонии “Ди Велт” гуфтааст, Иттиҳоди Аврупо барои тирамоҳ омодаи ҷорӣ кардани “густурдатарин бастаи таҳримҳо алайҳи Русия” мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, таҳримҳои қаблии Иттиҳоди Аврупо ба иқтисоди Русия таъсири ҷиддӣ гузошта ва мошини ҷангии ин кишварро аз беш аз 1 триллион евро, баробар ба ҳудуди 1.16 триллион доллар, маҳрум кардааст.

Каллас таъкид кардааст, ки пас аз тасвиби бастаи нави таҳримҳо, шумораи умумии ниҳодҳои русии таҳримшуда ба таври назаррас афзоиш хоҳад ёфт. Ӯ гуфтааст, фишор ба Маскав бояд то замоне идома ёбад, ки Русия ба ҷанг дар Украина хотима диҳад.

Иттиҳоди Аврупо таҳримҳо алайҳи Русияро пас аз раъйгирии соли 2014 дар бораи ҷудо шудани нимҷазираи Қрим аз Украина оғоз кард. Аммо баъди оғози ҷанги Русия ва Украина Брюссел маҳдудиятҳои густурдаеро алайҳи Маскав ҷорӣ кард.

Изҳороти Кая Каллас дар ҳоле садо медиҳад, ки Иттиҳоди Аврупо моҳи июл бастаи охирини таҳримҳои худ алайҳи Русияро тасвиб карда буд. Дар он бастаи таҳримӣ бахшҳои бонкӣ ва шабакаҳои марбут ба пулҳои рақамии Русия низ ҳадаф қарор гирифта буданд.

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар бораи замони дақиқи ҷорӣ шудани бастаи нави таҳримҳо ва ҷузъиёти он маълумоти бештар пешниҳод накардааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

12.10.2026 19:10

Эътирози хиёбонии “Насли Z” ва хонадони Гандӣ дар муқобили ислоҳоти Модӣ дар Ҳиндустон: интихобот қоғазӣ шавад

Аз рӯзи 10-уми октябр ба ин сӯ дар шаҳри Деҳлии нав ва дигар шаҳрҳои Ҳиндустон ҷавонон ва тарафдорони Ҳизби конгресси Ҳиндустон намоишҳои хиёбонии эътирозӣ доир намуда, ҳукумати Модиро ба он муттаҳам мекунанд, ки мардумро аз ҳаққи овоздиҳӣ маҳрум мекунад.
12.10.2026 18:49

Бақоӣ: “Вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор ҳақиқат надорад”

Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, дар вокуниш ба хабари вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор гуфтааст, ки ин масъала бар асари “нофаҳмӣ” ба миён омадааст.