13 Октябр 2026,
сешанбе, 01:17, Душанбе
17.08.2026 10:45

Аз пахта то матоъ: Эрон ба рушди саноати нассоҷии Тоҷикистон таваҷҷуҳ дорад

Тоҷикистон яке аз истеҳсолкунандагони муҳимми пахта дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад ва Эрон дар солҳои охир ба яке аз харидорони асосии пахтаи кишвар табдил ёфтааст.

Муҳаммадалӣ Амирфахриён, мушовири бозори Эрон дар Тоҷикистон гуфтааст, ки Тоҷикистон дар соҳаи пахтакорӣ таҷрибаи тӯлонӣ ва дар бахши кишоварзӣ зарфияти назаррас дорад. Ба гуфтаи ӯ, густариши робитаҳои иқтисодии Тоҷикистону Эрон дар солҳои охир барои афзоиши содироти пахтаи Тоҷикистон ба бозори Эрон замина фароҳам кардааст.

 “Таъмини мунтазами пахта, ки барои саноати нассоҷии Эрон зарур аст, яке аз самтҳои муҳимми ҳамкории ду кишвар мебошад” - зикр кард Муҳаммадалӣ Амирфахриён.

Муҳаммадалӣ Амирфахриён бар ин назар аст, ки рушди тиҷорати пахта метавонад танҳо бо содироти ашёи хом маҳдуд нашуда, барои тавсеаи ҳамкории саноатӣ, интиқоли технология ва эҷоди арзиши иловашуда замина гузорад. Ба гуфтаи ӯ, сиёсати саноатии Тоҷикистон ба коҳиши содироти ашёи хом ва рушди истеҳсолоти дохилӣ равона шудааст. Душанбе талош дорад тамоми занҷираи истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ, аз парвариши пахта то истеҳсоли нах, ришта ва матоъро, густариш диҳад.

Мушовири тиҷоратии Эрон дар Тоҷикистон ҳамчунин, гуфтааст, ки кишвар барои ҷалби сармоя, технология ва ташкили ҳамкории шарикӣ бо ширкатҳои хориҷӣ талош дорад. Эрон дар ҳоли ҳозир харидори асосии нахи пахтаи Тоҷикистон мебошад.

Бар асоси маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ кишвар ба маблағи 73,5 миллион доллар нахи пахта содир кардааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 18,9 миллион доллар бештар аст.

Аз ҳаҷми умумии содироти нахи пахта 61,8 дарсад ба Эрон, 25,5 дарсад ба Туркия, 8 дарсад ба Чин ва 3 дарсад ба Русия рост меояд. Қисми боқимонда ба Ӯзбекистон, Латвия ва Амороти Муттаҳидаи Араб содир шудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

12.10.2026 19:10

Эътирози хиёбонии “Насли Z” ва хонадони Гандӣ дар муқобили ислоҳоти Модӣ дар Ҳиндустон: интихобот қоғазӣ шавад

Аз рӯзи 10-уми октябр ба ин сӯ дар шаҳри Деҳлии нав ва дигар шаҳрҳои Ҳиндустон ҷавонон ва тарафдорони Ҳизби конгресси Ҳиндустон намоишҳои хиёбонии эътирозӣ доир намуда, ҳукумати Модиро ба он муттаҳам мекунанд, ки мардумро аз ҳаққи овоздиҳӣ маҳрум мекунад.
12.10.2026 18:49

Бақоӣ: “Вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор ҳақиқат надорад”

Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, дар вокуниш ба хабари вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор гуфтааст, ки ин масъала бар асари “нофаҳмӣ” ба миён омадааст.
12.10.2026 15:35

Иттиҳоди Аврупо таҳримҳо алайҳи Русияро бо иловаи 1900 мавриди нав густариш медиҳад

Кая Каллас, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, рӯзи душанбе эълом кард, ки ин иттиҳод бо илова кардани 1900 мавриди нав ба феҳристи таҳримҳо алайҳи Русия мувофиқат кардааст.
12.10.2026 15:18

Соро Муҳаммад: Романи “Сармаддеҳ”-и Баҳманёр бо забони арабӣ нашр мешавад. Ман дар бораи ин роман рисолаи докторӣ дифоъ намудам

Соро Муҳаммад Солим, зодаи кишвари Миср аст. Ӯ рисолаи доктории худро дар мавзуи романи “Сармаддеҳ”-и Баҳманёр дар факултети забон ва адабиёти форсии Донишгоҳи Ал-Азҳари Миср дифоъ кардааст. Ҳоло ӯ дар ҳамин донишгоҳ дар бахши забон ва адабиёти форсӣ ба донишҷӯён таълим медиҳад.
12.10.2026 13:49

Тағйири мавқеи Трамп дар қиболи Украина: Аврупо аз таҳияи стратегияи мустақили сулҳ мегӯяд

Андрюс Кубилюс, комиссари дифои Иттиҳоди Аврупо изҳор дошт, ки вақти он расидааст, то Аврупо ва Украина якҷо стратегияи мустақили сулҳро таҳия ва иҷро кунанд. Ин изҳорот дар пайи тағйири мавқеи Доналд Трамп, раиси ҷумҳури ИМА, дар қиболи Владимир Зеленский, раҳбари Украина, садо додааст.
12.10.2026 13:36

Натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми ИМД эълон шуд

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории довталабонеро, ки дар давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2026 иштирок кардаанд, эълон кард.
12.10.2026 12:00

Кишварҳои Осиёи Марказӣ обро тақим карданд, вале кадом кишвар чӣ қадар мегирад пӯшида боқӣ мондааст

Панҷ кишвари Осиёи Марказӣ барои тақсими об гуфтугӯ намуда, ба ин натиҷа расиданд, ки барои фаслҳои тирамоҳу зимистони солҳои 2026 ва 2027 ҳар кишвар саҳми худ аз дарёҳои Омӯдарё ва Сирдарёро бигирад. Бар асоси иттилоъ, баъди созиши бадастомада ҳанӯз рақами мушаххас нашр нашудааст, ки кадом кишвар чӣ қадар об хоҳад гирифт.