6 Октябр 2026,
сешанбе, 08:12, Душанбе
11.08.2026 12:20

Сарвари давлат дар Ҳисор Гулгашти Дуои модарро ба истифода доданд

Имрӯз, 11-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Ҳисор дар маҳаллаи Камоли Хуҷандии шаҳраки Ҳисор Гулгашти навбунёди Дуои модарро мавриди истифода қарор доданд.

Бинобар иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, иншооти мазкур бо мақсади фароҳам овардани муҳити созгор барои истироҳату фароғати сокинон бунёд гардидааст. Гулгашти Дуои модар дорои муҳити сабзу хуррам буда, дар ҳудуди он гулҳои рангоранг, дарахтони сояафкан ва дигар навъҳои растаниҳои ороишӣ шинонида шудаанд.

Дар маркази Гулгашти Дуои модар муҷассамаи модар қомат афрохтааст, ки ифодагари эҳтироми самимӣ ба бузургтарин сарчашмаи меҳру муҳаббат модар мебошад.

“Корҳои сохтмонӣ дар ин мавзеъ аз моҳи майи соли 2026 оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ бо истифода аз усулҳои муосири сохтмон ба анҷом расонида шуданд. Гулгашт дар масоҳати 0,40 гектар ҷойгир буда, ҳангоми иҷрои корҳои ободонӣ 27 сокини маҳаллӣ бо кори муваққатӣ таъмин гардиданд”, - навиштааст манбаъ.

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

05.10.2026 16:54

Лавров: “Хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастем”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия, дар оғози ҳаштумин нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон гуфтааст, ки кишварҳои ширкаткунанда хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастанд.
05.10.2026 16:50

Лавров: “Маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстона то ду моҳи дигар ба Афғонистон мерасад”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия, дар ҳаштумин нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон эълом кард, ки маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстонаи ин кишвар тайи як то ду моҳи оянда ба Афғонистон ирсол хоҳад шуд.
05.10.2026 15:41

Бонки осиёии рушд барои беҳтар кардани низоми нафақа 20,5 миллион доллар грант ҷудо мекунад

Барои беҳтар кардани системаи нафақа, рақамикунонии хизматрасониҳои иҷтимоӣ, тақвият додани ҳифзи молиявии гурӯҳҳои осебпазир барои Тоҷикистон Бонки осиёии рушд 20 миллион доллар грант ҷудо мекунад.
05.10.2026 14:22

Бонки миллӣ аз навъи нави қаллобӣ ҳушдор дод

Бонки миллии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе хабар дод, ки вақтҳои охир қаллобон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳои «Telegram», «WhatsApp» ва дигар воситаҳои алоқа файлҳои зараровар дар формати «.apk» паҳн менамоянд.
05.10.2026 11:37

Қолибоф: “Эрон ҳам меҷангад ва ҳам музокира мекунад”

Муҳаммабоқир Қолибоф, раиси Маҷлис (парлумон)-и Эрон гуфт, ки Теҳрон ҳамзамон бо идома ёфтани ҷанг ё муқовимати низомӣ аз абзори дипломатӣ истифода хоҳад кард. Ӯ гуфт, то замоне, ки ҳафт шарти Эрон тибқи “Тавофуқномаи Исломобод” иҷро нашавад, тангаи Ҳурмуз боз нахоҳад шуд.