Тавҳини Трамп бар миллати Эрон: “Эрониҳо бадтарин миллати рӯи заминанд”
Кишварҳои Осиёи Марказӣ: Зарари офатҳои табиӣ дар ин минтақа дар 35 соли ахир беш аз 1 миллиард доллар аст
Владимир Зеленский: “Русия ба Эрон кумак мекунад”
Трамп: “Агар ҷанг намекардем Эрон аз бомби атомӣ бар зидди душманонаш истифода мекард”
Эрон ҳамлаҳо ба кишварҳои Халиҷи Форсро аз сар гирифт
Ба гузориши расонаҳои байналмилалӣ, пас аз ҳафтумин шаби амалиёти низомии Иёлоти Муттаҳида, Эрон ҳамлаҳои тозаеро алайҳи кишварҳои муттаҳиди Амрико дар минтақаи Халиҷи Форс оғоз кардааст.
“Рейтерз” рӯзи шанбе, 18-уми июл, гузориш дод, ки ин ҳамлаҳо пас аз ҳадаф қарор гирифтани мавзеъҳои низомии Эрон аз ҷониби Амрико, аз ҷумла зерсохтҳои логистикии ин кишвар, анҷом шудааст.
Ин танишҳо як ҳафта пас аз фурӯпошии тавофуқи оташбаси шикананда миёни ду тараф рух додааст.
Ду тараф ҳамчунин, масирҳои киштирониро дар минтақа ҳадаф қарор додаанд.
Иёлоти Муттаҳида низ эълом кардааст, ки дар ҳоли иҷрои муҳосираи дарёӣ аст, дар ҳоле ки Эрон мегӯяд киштиҳоеро ҳадаф қарор додааст, ки ба гуфтаи Теҳрон, муқаррароти марбут ба тараддуд дар тангаи Ҳурмуз, гузаргоҳи роҳбурдии интиқоли аз панҷ як ҳиссаи нафти ҷаҳонро нақз кардаанд.
Вашингтон ва Теҳрон аз замони фурӯпошии тавофуқи оташбас дар ҳафтаи гузашта, пайваста сатҳи танишҳоро афзоиш додаанд: вазъияте, ки эҳтимоли бозгашт ба як ҷанги густурдаро беш аз пеш тақвият кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳорун Самарқандӣ: “Ояндаи тоҷикони Афғонистон ба ташаккули стратегияи мустақили сиёсӣ вобаста аст
“Ҳар чизе дар дасти мо буд, кардем”. Нурулло Алиев ба муҳимтарин муҳорибааш омода аст
Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод
Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад