Тавҳини Трамп бар миллати Эрон: “Эрониҳо бадтарин миллати рӯи заминанд”
Кишварҳои Осиёи Марказӣ: Зарари офатҳои табиӣ дар ин минтақа дар 35 соли ахир беш аз 1 миллиард доллар аст
Владимир Зеленский: “Русия ба Эрон кумак мекунад”
Трамп: “Агар ҷанг намекардем Эрон аз бомби атомӣ бар зидди душманонаш истифода мекард”
Эрон: Ҷангандаҳо ва ҳавопаймоҳои сӯхтрасони Амрико ҳадафи мушак ва паҳпод қарор гирифтанд
Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломии Эрон эълом кардааст, ки чанд фарванд ҳавопаймои сӯхтрасон ва ҷангандаи амрикоӣ бо мушакҳои баллистикӣ ва чандин паҳпод ҳадаф қарор гирифта ва нобуд шудаанд.
Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, равобити умумии Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар баёнияи шумораи 22-и худ таъкид кардааст, ки дар мавҷи 14-уми амалиёти “Насри 2” ҷангандаҳо ва ҳавопаймоҳои сӯхтрасони амрикоии мустақар дар Урдун дар ду марҳила бо чандин мушаки баллистикӣ ва паҳпод мавриди ҳамла қарор гирифтаанд.
Дар ин баёния омадааст, ки ин ҳамлаҳо боиси нобуд шудани чанд ҳавопаймои сӯхтрасон ва ҷангадаи амрикоӣ ва расонидани осеби ҷиддӣ ба теъдоди бештари онҳо шудааст.
Сипоҳ дар баёнияи худ навиштааст, ки артиши Амрико аз пойгоҳҳои худ дар Урдун барои ҳамла ба аҳдофи ғайринизомӣ, аз ҷумла чанд пул, маҳалҳои истиқоматӣ ва як маркази обрасонӣ дар Бандар Аббос, дар ҷануби Эрон истифода кардааст.
Дар идомаи баёния Сипоҳ аз мардуми Урдун ва артиши ин кишвар хостааст алайҳи манофеи Амрико иқдом кунанд ва ончи онро “ҳузури амрикоиҳо дар Урдун” номидааст, аз ин кишвар дур созанд.
Сипоҳи Эрон ҳамчунин, таъкид кардааст, ки пас аз ҳамлаи соли гузашта ба пойгоҳи “Ал-Удайда”-и Қатар, фармондеҳии марказии неруҳои Амрико дар минтақа (СЕНТКОМ) аз Қатар ба пойгоҳи “Ал-Азрақ” дар хоки Урдун интиқол дода шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳорун Самарқандӣ: “Ояндаи тоҷикони Афғонистон ба ташаккули стратегияи мустақили сиёсӣ вобаста аст
“Ҳар чизе дар дасти мо буд, кардем”. Нурулло Алиев ба муҳимтарин муҳорибааш омода аст
Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод
Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад