Тавҳини Трамп бар миллати Эрон: “Эрониҳо бадтарин миллати рӯи заминанд”
Кишварҳои Осиёи Марказӣ: Зарари офатҳои табиӣ дар ин минтақа дар 35 соли ахир беш аз 1 миллиард доллар аст
Владимир Зеленский: “Русия ба Эрон кумак мекунад”
Трамп: “Агар ҷанг намекардем Эрон аз бомби атомӣ бар зидди душманонаш истифода мекард”
Эрон аз ҳамлаи таркибӣ ба пойгоҳи низомии Амрико дар Кувайт хабар дод
Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломии Эрон эълом кард, ки дар мавҷи 8-уми амалиёти “Наср 2” як пойгоҳи низомии Иёлоти Муттаҳида дар Кувайт ва маҳалли будубоши сарбозони амрикоиро ҳадафи ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподӣ қарор додааст.
Ба гузориши хабаргузории Тасним, равобити умумии Сипоҳ дар иттилоияи шумораи 15 гуфтааст, ки радари пешогоҳии сомонаи дифои ҳавоии “C-RAM” дар пойгоҳи “Алӣ ас-Солим” ва ҳамчунин, маҳалли будубоши сарбозони амрикоӣ дар Кувайт дар як ҳамлаи таркибӣ мавриди ҳадаф қарор гирифтаанд.
Дар ин иттилоия омадааст, ки ин амалиёт дар посух ба ҳамлаҳои шаби гузашта ба бархе аз соҳилҳо ва шаҳрҳои ҷанубии Эрон анҷом шудааст. Ба гуфтаи Сипоҳ, неруҳои дарёӣ ва ҳавофазои он бо истифода аз мушакҳо ва паҳподҳо ин аҳдофро “дарҳам кӯбидаанд”.
Сипоҳ ҳамчунин, аз мақомоти Кувайт ва мардуми ин кишвар хостааст, ки нагузоранд аз хоки Кувайт барои анҷоми ҳамлаҳо алайҳи Эрон истифода шавад. Дар иттилоия аз шаҳрвандони Кувайт даъват шудааст, ки кишвари худро аз ҳузури неруҳои хориҷӣ “пок” кунанд.
То кунун Иёлоти Муттаҳида ва мақомоти Кувайт дар бораи ин ҳамла изҳори назар накардаанд ва ҷузъиёти мустақиле дар бораи мизони хисорот ё талафоти эҳтимолӣ мунташир нашудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳорун Самарқандӣ: “Ояндаи тоҷикони Афғонистон ба ташаккули стратегияи мустақили сиёсӣ вобаста аст
“Ҳар чизе дар дасти мо буд, кардем”. Нурулло Алиев ба муҳимтарин муҳорибааш омода аст
Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод
Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад