Тавҳини Трамп бар миллати Эрон: “Эрониҳо бадтарин миллати рӯи заминанд”
Кишварҳои Осиёи Марказӣ: Зарари офатҳои табиӣ дар ин минтақа дар 35 соли ахир беш аз 1 миллиард доллар аст
Владимир Зеленский: “Русия ба Эрон кумак мекунад”
Трамп: “Агар ҷанг намекардем Эрон аз бомби атомӣ бар зидди душманонаш истифода мекард”
Сипоҳи посдорони Эрон аз ҳамла ба таъсисоти низомии Амрико дар Кувайт хабар дод
Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломии Эрон бо нашри иттилоияи шумораи 14-и худ эълом кард, ки дар чорчӯби мавҷи шашуми амалиёти “Наср-2” як қатор таъсисоти низомии Амрико дар Кувайтро ҳадафи ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподӣ қарор додааст.
Дар иттилоияи Сипоҳ, ки рӯзи сешанбе, 14-уми июл, нашр шудааст, омадааст, ки маркази иртибототи моҳвораӣ, радари дифои мушакӣ ва ҳавоӣ, маҷмааи дифои ҳавоии “Патриот” ва анбори таъминоти пойгоҳи низомии Амрико дар Кувайт мавриди ҳамла қарор гирифта, “нобуд шудаанд”.
Сипоҳ гуфтааст, ки ин ҳамла дар посух ба ҳамлаҳои ахири Амрико ба чанд нуқта дар ҷануби Эрон анҷом дода шудааст. Ба гуфтаи ин ниҳод, неруҳои амрикоӣ шаби гузашта чанд пойгоҳ дар ҷануби Эрон, аз ҷумла як анбори хариди гандуми кишоварзон дар шаҳри Ҳувайзаи вилояти Хузистон ва як корхонаи оби маъданӣ дар Деҳларони вилояти Эломро бомбаборон кардаанд.
Дар ин иттилоия ҳамчунин, паёме ба мардуми Кувайт ирсол шуда, аз онҳо хоста шудааст, ки барои хориҷ кардани неруҳои амрикоӣ аз қаламрави кишварашон иқдом кунанд.
Сипоҳ афзудааст, ки пойгоҳҳои низомии Амрико дар Кувайт маншаи бисёре аз ҳамлаҳо алайҳи Эрон мебошанд.
То замони нашри ин хабар, мақомоти Кувайт ва Иёлоти Муттаҳида дар ин бора вокуниши расмӣ нишон надодаанд ва мустақилона низ дар бораи ҳаҷм ва паёмадҳои ҳамлаҳои Сипоҳ иттилое тасдиқ нашудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳорун Самарқандӣ: “Ояндаи тоҷикони Афғонистон ба ташаккули стратегияи мустақили сиёсӣ вобаста аст
“Ҳар чизе дар дасти мо буд, кардем”. Нурулло Алиев ба муҳимтарин муҳорибааш омода аст
Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод
Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад