Беш аз як тонна маҳсулоти гӯштии ғайрисанитарӣ ошкор гардид
Дар Хатлон мақомот 17 мухлиси футболро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашид
500 сомонӣ. Боздошти марде, ки аз масҷид сандуқи хайриявиро дуздидааст
Дар даври чоруми «Илм – фурӯғи маърифат» 700 довталаб иштирок мекунад
Саидмурод Давлатов ва Ғафуров Хурсандмурод ба зарардидагони офати табиӣ кумаки башардӯстона равон карданд
Ба зарардидагони офати табиӣ дар деҳаҳои Дарғу Каздони ноҳияи Айнӣ аз ҷониби фондҳои хайриявии «Чашмаи умед»-и Саидмурод Давлатов ва ҶДММ «Нури Ғафурӣ»-и Ғафуров Хурсандмурод, кумаки башардӯстона расонида шуд.
Бинобар иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ, ба оилаҳои зарардида маводи ғизоӣ ва дигар лавозимоти ниёзи аввал, аз ҷумла орд, равған, шакар, биринҷ, маҳсулоти хӯрокворӣ ва дигар маводи зарурӣ дастрас гардида, миёни сокинони эҳтиёҷманд тақсим карда шуд.
“Сокинони деҳаҳои Дарғу Каздон барои чунин иқдоми хайрхоҳона ба роҳбарони фондҳои мазкур изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид карданд, ки чунин дастгириҳо дар баробари корҳои барқарорсозӣ барои беҳтар гардидани вазъи зиндагии онҳо аҳамияти калон дорад”, навиштааст манбаъ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Эрон мегӯяд интиқоли нафт ба Тоҷикистонро идома медиҳад
Президенти Эрон: “Исроил ва Амрико экосистемаи минтақаро вайрон мекунанд”
Эмомалӣ Раҳмон: “Дар Душанбе бо пуштибонии СММ дар соли 2027 конфронси байналмилалии сулҳ баргузор мешавад”
Сергей Лавров: “Таҳдидҳои амниятӣ дар Афғонистон аз байн нарафтаанд. Маскав ба Тоҷикистон кумак мекунад”