“Ҳар чизе дар дасти мо буд, кардем”. Нурулло Алиев ба муҳимтарин муҳорибааш омода аст
Ҷабҳаи озодӣ: Мо се Толибро дар вилояти Парвони Афғонистон куштем
Тарғиби фарҳанги китобхонӣ. XIV Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.
Мақомот зани гумонбар ба дуздидани навзод аз таваллудхонаро дастгир кард
Шаҳрвандон барои нақзи қонун беш аз 5 миллион сомонӣ ҷарима шудаанд
Тибқи иттилои Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаш моҳи аввали соли равон шаҳрвандон барои нақзи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим” 5 миллиону 97 ҳазору 96 сомонӣ ҷарима шудаанд.
Манбаъ меафзояд, ки дар нимсолаи сипаришуда дар ҳудуди кишвар вобаста ба риоя нашудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим” 704 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (630 ҳолат) 74 ҳолат зиёд мебошад.
Таъкид мегардад, ки аз рӯйи парвандаҳои баррасишуда, додгоҳҳо нисбати 699 ҳолат ҷазои маъмурӣ таъин карда, 5 парвандаро қатъ кардаанд. Маблағи умумии ҷаримаҳои муқарраршуда 5 миллиону 97 ҳазору 96 сомониро ташкил додааст.
Гуфта мешавад, ки барои назорат ва риояи қонун аз ҷониби комиссияҳои доимии маҳаллӣ 8 ҳазору 661 рейди муштарак гузаронида шудааст, ки бештари онҳо ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (2784) ва шаҳри Душанбе (2337) рост меоянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Заминларза бо қувваи 7 бал дар Тибет: 16 нафар ба ҳалокат расида ва 65 тани дигар захмӣ шуданд
Байни Тоҷикистону Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ба имзо расид