Тавҳини Трамп бар миллати Эрон: “Эрониҳо бадтарин миллати рӯи заминанд”
Кишварҳои Осиёи Марказӣ: Зарари офатҳои табиӣ дар ин минтақа дар 35 соли ахир беш аз 1 миллиард доллар аст
Владимир Зеленский: “Русия ба Эрон кумак мекунад”
Трамп: “Агар ҷанг намекардем Эрон аз бомби атомӣ бар зидди душманонаш истифода мекард”
Миллионҳо нафар дар Теҳрон ба пайкари Алӣ Хоманаӣ адои эҳтиром карданд
Пайкари Алӣ Хоманаӣ, раҳбари пешини Инқилоби Исломии Эрон ва шуморе аз аъзои хонаводааш дар шаҳри Теҳрон бо ҳузури миллионҳо тан (дар расонаҳои байналмилалӣ ин шумора 23 миллион, 25 миллион ва 30 миллион омадааст) мардуми Эрон ҳамроҳӣ карда шуд.
Аз субҳи имрӯз дар хиёбонҳои Теҳрон мошини бузурге бо ҳаракати ором тобути раҳбари Инқилоби Исломии Эрон, духтараш, наберааш, домод ва арӯси ӯро дар шаҳри Теҳрон ҳамл мекунад.
Интиқоли пайкари Алӣ Хоманаӣ ва он аъзои хонаводааш, ки ҳамроҳи ӯ дар таҷовузи Исроил ва Амрико кушта шуданд, ба Майдони Озодии Теҳрон, ки нуқтаи хатми маросими видоъ аст, бурда шуданд.
Дар маросим ҷамъияти зиёде барои адои эҳтиром ба пайкари ӯ дар Теҳрон гирд омаданд.
Пайкари Алӣ Хоманаӣ дар рӯзҳои оянда ба шаҳрҳои Карбало ва Наҷаф дар Ироқ интиқол дода мешавад, то дар ҳарами Ҳазрати Алӣ ва Ҳазрати Ҳусайн дар ин ду шаҳри Ироқ видоъ шавад.
Бо ин ҳол, пайкари раҳбари пешини Эрон, пас аз бозгардондан аз Ироқ, дар зодгоҳаш шаҳри Машҳад дафн хоҳад шуд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Ҳорун Самарқандӣ: “Ояндаи тоҷикони Афғонистон ба ташаккули стратегияи мустақили сиёсӣ вобаста аст
“Ҳар чизе дар дасти мо буд, кардем”. Нурулло Алиев ба муҳимтарин муҳорибааш омода аст
Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод
Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад