23 Октябр 2026,
ҷумъа, 01:47, Душанбе
06.07.2026 17:21

Гузориши рӯзноманигори Dialog.TJ аз қалби маросими видоъ бо Алӣ Хоманаӣ дар Теҳрон: аз анвои хизматрасониҳои ройгон то сангинии лаҳзаҳои хайрухуш

Теҳрон. Аз он замоне ки ба шаҳри Теҳрон ворид шудем, фазои зиндаи ин шаҳри азим моро ба ҳайрат гузошт. Ин шаҳр гарчи ҷангдида буд, аммо хаста ба назар намерасид, баръакс зиндаву пур аз эҳсос ва пурэнержӣ буд. Кӯчаҳо пур аз мардум ва кормандони маъмур. Ҳар ҷо- ҳар ҷо одамони зиёде ҷамъ шуда, ба шакли хос маросим баргузор мекарданд. Хиёбонҳо пур аз ҷамъияте шудаанд, ки аз ҳар сӯ ҷониби маҳалли баргузории маросим ҳаракат мекарданд, ором ва бо баёни шиорҳои гуногун. Зан ва мард, пир ва ҷавон, кӯдаконе дар канори падар ва модарашон қадам мегузоранд, марди 80-сола бо ҳамсараш ва фарзандону наберагонаш, марди 30-сола бо кӯдакони 4-сола ва 2-моҳааш, пиронсолони маълул, ки бо вуҷуди душвории роҳ худро ба ин маросим расондаанд. Хуллас, ҳамаи мардум як нуқтаи муштараканд: ҳузур дар маросими видоъ.

Ба унвони рӯзноманигоре аз Тоҷикистон, нахустин чизе, ки таваҷҷуҳамро ҷалб кард, густурдагии ҳузури мардум буд. Охир тамоми кӯчаву хиёбонҳо пур аз одам. Нӯшокиҳо ва ғизоҳои гуногун ҳама ройгон тақсим мешаванд. Ҳама дар даст бо акси роҳбари шаҳиди Инқилоби Исломии Эрон қадам мезананд. Вақте мехоҳед аз касе мусоҳиба бигиред ва паёми эшонро аз ҳузурашон дар маросим бифаҳмед, дар андак лаҳза афроди зиёде гирди шумо меоянд ва аз ибрози назар кардани худ хабар медиҳанд. Онҳо мехоҳанд аз имконияти расонаӣ ба ҳар навъе бошад истифода баранд ва паёмашонро ба ҷаҳон бирасонанд. Паёмҳои гуногун, ки бо эҳсоси аҷиб ва ҳатто бо гиряву хашм гуфта мешаванд. Ҳамаҷо садои навҳа ва дуо дар фазо танинандоз аст. Ҳарчанд ба маҳалли маросим наздиктар мешавед, ҷамъият фишурдатар мешавад ва эҳсосот ошкоротар мегардад.

Дар тӯли роҳ, марказҳои мехмондории мардумӣ ба чашм мехӯрад. Ҷавонони ихтиёрӣ бе таваққуф об, чой ва ғизо миёни мардум тақсим мекунанд. Ҳеч касе аз раҳгузаронро фаромӯш намекунанд ва ҳамаро бо рӯи кушод ба меҳмондорӣ даъват менамоянд.

Дар миёни ҷамъият бо марди тахминан шастсола ҳамсуҳбат шудам. Ӯ бо чашмони ашкбор гуфт: "Имшаб танҳо барои видоъ наомадаем, балки омадаем, бигӯем, хотираи касоне, ки барои онҳо эҳтиром қоилем, дар зеҳни мардум боқӣ мемонанд".

Чанд қадам дуртар чашмаш ба духтари ҷавоне, ки дар даст парчам дорад, мерасад, ки ором мегӯяд: “Аз субҳ мунтазири ин лаҳза будам. Эҳсос кардам бояд ин ҷо бошам. Канори мардуме, ки омадаанд ҷонашонро фидои роҳбарашон кунанд”.

Модаре, ки кӯдаки хурдсоли худро дар оғӯш гирифтааст, дар ҳоле ки ашк аз рухсораҳояш ҷорӣ аст, мегӯяд: “Шояд фарзандам имрӯз ҳама чизро дарк накунад, аммо солҳо баъд хоҳад донист, ки дар чунин шаби таърихие ҳамроҳи оилааш дар канори мардум ҳузур дошт ва ба сӯйи душмани хунхор шиор дод.

Фазои маросим, омехтае аз сукут ва ҳамсадоист. Гоҳе ҷамъият яксадо шиор медиҳад ва лаҳзаҳое баъд танҳо садои гиря ва зикри дуо шунида мешавад. Бисёре аз мардум аксҳои гуногуни Алии Хоманаиро бо ишқи хос боло мекунанд, ба сӯяш менигаранд ва кадоме аз кору гуфтори ӯро бар ёд оварда, фарёд мезананд ва ашк мерезанд.

Яке аз донишҷӯёне, ки аз шаҳри Машҳад ба Теҳрон омадааст, ба ман мегӯяд: “Ин ҳузур барои ҳар кас маънои худро дорад. Ман омадаам то дар канори мардум бошам ва эҳтиромамро нишон диҳам”.

Дар гӯшаи дигар, пирамарди асобадаст бо садои ором мегӯяд: “Солҳои зиёде аз умрам гузаштааст. Ман инқилобӣ набудам. Инак, баъди ин ҳамлаи таҷовузкоронаи Амрико ва Исроил ва куштори кӯдакони бегуноҳи Миноб, хонаводаи раҳбари шаҳид, инқилобӣ шудам. Ҳарчанд қадам бардоштан барои ман осон набуд, аммо имрӯз эҳсос кардам, ки бояд ин роҳро биёям". Аз ин пирамарди солхӯрда мусоҳиба гирифтам, дақиқтараш ӯ гуфт, ки ҳарфи зиёди гуфтанӣ дорад. Қариб 10 дақиқа беист сухан гуфт, даҳҳо нафар гирди мо ҷамъ омаданд, суханҳои ӯро бодиққат гӯш кардаву ба ӯ ҳамовозӣ намуданд.

Бо наздик шудан ба Майдони Инқилоби Теҳрон издиҳоми ҷамъият бештар мешавад. Хиёбонҳо пӯшида аз парчам ва парчамнавиштаҳо аст ва нури чароғҳо бар чеҳраҳои андӯҳгини мардум меафтад. Бисёре бо телефонҳои ҳамроҳи худ аз ин лаҳзаҳо акс мегиранд ва баъзе дигар танҳо дар сукут ашк мерезанд.

Шаҳри Теҳрон бо баргузории ин маросими таърихӣ ва бонуфузи ҷаҳонӣ ба худ симои дигар гирифтааст. Дар ин маросим зиёда аз 22 миллион нафар аз тамоми гӯшаву канори Эрон, ҳатто аз Ироқу Сурия ва кишварҳои дигари минтақа ҳузур доранд. Ин маросимро дар Майдони Инқилоби Теҳрон аввалин маросими сернуфуз дар таърихи башарият унвон карданд.

Барои ман, он чи бештар аз ҳама дар ин маросим ба чашм меояд, фазои эҳсосии мардум аст, ки ҳар кадом бо ангеза ва эҳсоси худ дар он ширкат кардаанд. Теҳрон акнун шаҳрест, ки ҳамеша бедор, шаҳре, ки хиёбонҳояш ривоятгари видоъ, ашк, ҳамдилӣ ва хотирасози мардумест, ки дар канори якдигар гирд омадаанд.

Мазбут Қосим, рӯзноманигор

Идома дорад.

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

22.10.2026 14:26

Ҳорун Самарқандӣ: “Ояндаи тоҷикони Афғонистон ба ташаккули стратегияи мустақили сиёсӣ вобаста аст

Ҳорун Самарқандӣ дар рустои Самарқанди вилояти Бағлони Афғонистон таваллуд шудааст. Дар даври ҳукумати устод Раббонӣ ба ҳайси донишҷӯ дар Донишгоҳи Кобул дарс хондааст. Дарсҳояш ба итмом нарасида, муқовимат бар зидди гурӯҳи террористии Толибон оғоз мешавад ва ӯ дар дафтари Аҳмадшоҳи Масъуд муддате кор мекунад. Баъди омадани ҳукумати ҷадид ба раҳбарии Ҳомид Карзай дарсҳояшро дар Донишгоҳи тиббии Кобул идома дода, ин донишгоҳро хатм мекунад. Дар ин давра дар созмонҳои байналмилалии тандурустӣ кор кардааст. Дар соли 2025 ӯ ба ҳайси масъули бахши тандурустӣ ва равонии вилояти Бағлон кор кардааст. Қабл аз фурӯпошии ҳукумати Ашраф Ғанӣ аз Кобул хориҷ шуд ва ҳоло дар Миср кору зиндагӣ мекунад. Ӯ як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳақи тоҷикон, забони форсӣ ва ҳамгироии мардуми форсизабон дифоъ мекунад.
22.10.2026 11:16

Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод

Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёми нави худ гуфт, Теҳрон омода аст бори дигар ба дипломатия имконият диҳад. Ӯ таъкид кард, ин ба он вобаста мебошад, ки Амрико барои эҷоди эътимод ва расидан ба роҳи ҳалли одилона омодагӣ нишон диҳад.
22.10.2026 10:56

Тавҳини Трамп бар миллати Эрон: “Эрониҳо бадтарин миллати рӯи заминанд”

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иддао кард, ки Вашингтон Эронро дар соҳаҳои низомӣ ва иқтисодӣ шикаст додааст. Доналд Трамп Теҳронро барои дастёбӣ ба силоҳи атомӣ муттаҳам намуда, дар мавриди мардуми Эрон суханҳои тавҳиномез гуфт.
22.10.2026 10:44

Созишномаи грантӣ оид ба бунёди зеристгоҳи барқӣ дар Душанбе ба имзо расид

Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати молия, байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) Созишномаи грантӣ оид ба лоиҳаи бунёди зеристгоҳ барои низоми магистралии интиқоли неруи барқ дар шаҳри Душанбе ба имзо расонда шуд.
22.10.2026 10:35

Ҷашнвораи VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид. Тоҷикистонро кадом театрҳо намояндагӣ мекунанд?

Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, 21-уми октябр дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи Ҷашнвораи VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор гардид.
22.10.2026 10:33

Президенти кишвар чанд қонун, аз ҷумла «Дар бораи муҳоҷират»-ро имзо карданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва ҷонибдорӣ намудаанд, имзо гузоштанд.
22.10.2026 08:53

Кишварҳои Осиёи Марказӣ: Зарари офатҳои табиӣ дар ин минтақа дар 35 соли ахир беш аз 1 миллиард доллар аст

Намояндагони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар нишасте дар шаҳри Тошканд нақши муштараки мубориза бо селу ярч ва барномаи таҳким ва тобовар кардани шаҳрҳо дар баробари офатҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим то соли 2030-ро тасдиқ карданд.
22.10.2026 08:41

Владимир Зеленский: “Русия ба Эрон кумак мекунад”

Владимир Зеленский, президенти Украина дар изҳороти нави худ гуфт, ки Русия дар канори Эрон қарор гирифта, ба ин кишвар кумак мекунад. Ӯ аз фаъолияти низомии огоҳкунии пешакӣ бо кумаки иттилоотии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико истиқбол намуда, таъкид кард, ки Украина мехоҳад ҳар чи зуд ҷанг дар ин кишвар хотима ёбад.
22.10.2026 08:00

Трамп: “Агар ҷанг намекардем Эрон аз бомби атомӣ бар зидди душманонаш истифода мекард”

Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҷараёни суханронӣ дар ҳузури интихобкунандагони армикоӣ иддао кард, ки агар бо Эрон ҷангро оғоз намекард, ҳоло ин кишвар бо доштани силоҳи атомӣ, метавонист онро бар зидди душманонаш истифода кунад.