Маскав: ҳузури дубораи Амрико дар Афғонистон ба кишварҳои минтақа таҳдид аст
Трамп: “Дар куштани роҳбарони Эрон зиёдаравӣ кардем / Ҳоло бо кӣ гуфтугӯ кунем”
Фишори Трамп бар Зеленский: “Ба фикри тавофуқ бо Путин бош”
Артиши Яман аз сарнагун кардани паҳподи “Винг Лунг-2” хабар дод
03.07.2026 17:46
Фармондеҳи артиши Эрон ба Амрико ва Исроил барои гирифтани интиқоми Алӣ Хоманаӣ ҳушдор дод
Амир Ҳотамӣ, фармондеҳи артиши Эрон, ба Исроил ва Амрико ҳушдор додааст, ки интиқоми кушта шудани Алӣ Хоманаӣ, раҳбари пешини Инқилоби Исломии Эронро хоҳанд гирифт.
Хабаргузории “Форс” рӯзи ҷумъа, 3-уми июл, гузориш дод, ки Амир Ҳотамӣ ин мавзуъро дар ҳошияи маросими видоъ бо пайкари Алӣ Хоманаӣ дар Теҳрон баён кардааст.
Бар асоси гузориш, фармондеҳи артиши Эрон гуфтааст: “Бо иродаи маҳкамтар ба Исроил ва Амрико мегӯем, ки интиқоми хуни Алӣ Хоманаиро хоҳем гирифт”.
Алӣ Хоманаӣ дар нахустин рӯзи таҷовузи Амрико ва Исроил ба Эрон, дар ҳамлаҳои ҳавоӣ кушта шуд.
Ин дар ҳолест, ки Эрон ва Амрико дар ҳафтаҳои охир бо миёнҷигарии Покистон тафоҳумномаеро барои хатми ҷанг ва идомаи музокирот бар сари парвандаи ҳастаии Теҳрон имзо кардаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
13.10.2026 13:46
“Нафси боиштиҳо”-и мошинҳо мақомоти Тоҷикистонро ба сӯйи Эрону Амрико мекашад
Коҳиш ёфтани содироти сӯзишвории дизелӣ аз Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, мақомоти ин кишварҳоро водор кардааст, ки роҳҳои алтернативии таъмини бозори дохилӣ бо сӯзишвории дизелиро пайдо намоянд.
13.10.2026 13:45
Сафари Президенти кишвар ба Шаҳринав аз боздиди Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода оғоз шуд
Имрӯз, 13-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти соҳаҳои гуногун ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон ба ноҳияи Шаҳринав сафар карданд.
13.10.2026 13:43
Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба Артиш 84 фоиз иҷро гардид
Бинобар маълумоти Раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар даҳ рӯз нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар 84 фоиз иҷро гардид.
13.10.2026 13:42
Файзалӣ Идизода бо иштирокчиёни Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
Имрӯз, 13-уми октябр раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо иштирокчиёни Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ мулоқот намуд.
13.10.2026 13:03
Даври сенздаҳуми машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистону Австрия баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе даври сенздаҳуми машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистону Австрия бо иштироки сардори Раёсати кишварҳои Аврупо ва Америкаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибназар Ғайратшо ва сардори Департаменти сиёсии Вазорати федеролии корҳои аврупоӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии Австрия Томас Мюлманн баргузор гардид.
13.10.2026 13:02
Масъалаи бунёди захираи боэътимоди матнҳои тоҷикӣ дар фазои рақамӣ баррасӣ шуд
12-уми октябр дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Асосҳои забоншиносии рақамӣ: бунёди пайкараи матнии забони тоҷикӣ ва ягонасозии истилоҳоти соҳавии фанноварии навин» ҷаласа баргузор шуд.
13.10.2026 12:10
“Атлантик” мегӯяд ҷанги Эрон Трампро “хашмгин” ва “фалаҷ” кардааст
Маҷаллаи амрикоии “Атлантик” навишт, ки нотавонии Доналд Трамп дар поён додани ҷанги Эрон ӯро хашмгин ва дар қабули қарорҳо дучори мушкил намудааст.
13.10.2026 12:04
Маскав: ҳузури дубораи Амрико дар Афғонистон ба кишварҳои минтақа таҳдид аст
Федератсияи Русия ҳушдор дод, ки эҳтимолан барқарор шудани пойгоҳҳо ва зерсохторҳои низомии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Афғонистон метавонад ба амнияти кишварҳои минтақа таъсири манфӣ расонад.
13.10.2026 11:57
Трамп: “Дар куштани роҳбарони Эрон зиёдаравӣ кардем / Ҳоло бо кӣ гуфтугӯ кунем”
Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иддао кард, ки Вашингтон шояд дар мавриди ҳадаф қарор додани роҳбарони Эрон аз ҳад зиёдаравӣ кард ва ҳоло намедонад, ки бо кӣ гуфтугӯ кунад.
13.10.2026 10:20
Фишори Трамп бар Зеленский: “Ба фикри тавофуқ бо Путин бош”
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури ИМА, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина хостааст, ки ба ҷойи танқид ва баҳс, талошҳои худро ба расидан ба созиш бо Русия равона кунад.
13.10.2026 10:15
Артиши Яман аз сарнагун кардани паҳподи “Винг Лунг-2” хабар дод
Неруҳои мусаллаҳи Яман эълон карданд, ки як паҳподи навъи “Винг Лунг-2”-ро дар осмони вилояти Саъда, воқеъ дар шимоли ин кишвар, сарнагун кардаанд.
13.10.2026 10:10
Кореяи Шимолӣ аз озмоиши мушаки баллистикии тактикӣ хабар дод
Кореяи Шимолӣ рӯзи душанбе мушаки баллистикии тактикиро озмоиш кард. Дар ин бора ҳукумати кишвар субҳи сешанбе хабар дод.