Маскав: ҳузури дубораи Амрико дар Афғонистон ба кишварҳои минтақа таҳдид аст
Трамп: “Дар куштани роҳбарони Эрон зиёдаравӣ кардем / Ҳоло бо кӣ гуфтугӯ кунем”
Фишори Трамп бар Зеленский: “Ба фикри тавофуқ бо Путин бош”
Артиши Яман аз сарнагун кардани паҳподи “Винг Лунг-2” хабар дод
Қолибоф: “Иҷоза намедиҳем Амрико дар тангаи Ҳурмуз дахолат кунад”
Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Шурои Исломии Эрон, гуфтааст, ки Теҳрон ба Амрико иҷозаи дахолат дар тангаи Ҳурмузро намедиҳад.
Хабаргузории “Тасним” рӯзи ҷумъа, 3-уми июл, гузориш додааст, ки Қолибоф ин мавзуъро дар дидор бо ҳайати чинӣ, ки барои иштирок дар маросими бахоксупории пайкари Алӣ Хоманаӣ, раҳбари пешини Эрон, ба Теҳрон сафар кардааст, баён намудааст.
Бар асоси гузориш, Қолибоф гуфтааст, ки дар сафар ба Умон, бар асоси моддаи панҷуми тафоҳумномаи Исломобод, бо мақомҳои он кишвар тавофуқ шудааст, ки тарзи танзими рафтуомадҳо дар тангаи Ҳурмуз сомондиҳӣ шавад.
Ӯ афзудааст, ки Теҳрон дар заминаи сомондиҳии рафтуомад дар тангаи Ҳурмуз бо кишварҳои соҳилии Халиҷи Форс машварат хоҳад кард.
Қолибоф гуфтааст, ки Исроил ба дунболи барҳам задани тафоҳумномаи Эрон ва Амрико аст.
Ин дар ҳолест, ки дар рӯзҳои охир Фармондеҳии марказии артиши Амрико (СЕНТКОМ) аз раҳбарии як гуфтугӯи амниятии минтақавӣ бо иштироки 12 кишвар дар Баҳрайн хабар дода ва гуфтааст, ки дар ин нишаст бар озодии тиҷорат ва киштиронӣ дар тангаи Ҳурмуз таъкид шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Нафси боиштиҳо”-и мошинҳо мақомоти Тоҷикистонро ба сӯйи Эрону Амрико мекашад
Сафари Президенти кишвар ба Шаҳринав аз боздиди Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода оғоз шуд
Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба Артиш 84 фоиз иҷро гардид
Файзалӣ Идизода бо иштирокчиёни Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд