Дар баъзе кӯчаҳои ду ноҳияи Душанбе барқ муваққатан хомӯш мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе аз як шаҳрванди хориҷӣ 386 грамм маводи нашъадор дарёфт гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми ИМД эълон шуд
11 кас ҳалок шуд. Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе-Кулоб-Хоруғ
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз садамаи нақлиётие хабар дод, ки 11 кас ҳалок шудааст.
Манбаъ навиштааст, ки 2-юми июл соати 6:30 дақиқа дар шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе-Кулоб-Хоруғ дар километри 32, дар ҳудуди деҳаи Элоки ҷамоати деҳоти Карим Исмоили шаҳри Ваҳдат, ронандаи воситаи нақлиёти боркаши тамғаи “Дулан” рақами қайди давлатиаш 5180 ММ 01, Абдуллоев Фирдавс Раҷабалиевич, сокини ноҳияи Ёвон, бинобар сабаби аз кор баромадани системаи манъкунандаи воситаи нақлиёт, ба автомашинаи тамғаи “Опел Зефира” рақами қайди давлатиаш 1813 SS 01, ки таҳти идораи шаҳрванд Кулобиев Сафаралӣ Аламович, соли таваллудаш 1977, сокини ноҳияи Восеъ, қарор дошт, бархурда, сипас, ба воситаи нақлиёти тамғаи “Тойота Прадо” рақами қайди давлатиаш 1121 UU 01, таҳти идораи Палавонов Оқил Гулбекович, соли тавлалдуш 1977 сокини ноҳияи Роштқалъа бархурдааст.
Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи садамаи мазкур ронандаи воситаи нақлиёти боркаши тамғаи “Дулан” Абдуллоев Фирдавс, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи “Тойота Прадо” Палавонов Оқил ва 9 мусофири “Опел Зефира” ва “Тойота Прадо”, ки шахсияташон муайян карда мешванд, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Иттилоъ дода мешавад, ки тафтиши ин ҳодиса зери назорати қатъӣ гирифта шуда, сабаб ва ҳолатҳои рух додани садама муайян карда мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Нафси боиштиҳо”-и мошинҳо мақомоти Тоҷикистонро ба сӯйи Эрону Амрико мекашад
Сафари Президенти кишвар ба Шаҳринав аз боздиди Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода оғоз шуд
Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба Артиш 84 фоиз иҷро гардид
Файзалӣ Идизода бо иштирокчиёни Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд