15 Октябр 2026,
панҷшанбе, 10:05, Душанбе
30.06.2026 07:29

Эрдуғон: “Нишасти НАТО дар Анқара “қавитарин бистар барои табодули таҷриба” хоҳад буд

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия, мегӯяд нишасти сарони НАТО, ки қарор аст дар Анқара баргузор шавад, ба “қавитарин бистар барои табодули таҷриба” миёни аъзои ин эътилоф табдил хоҳад шуд.

Эрдуғон рӯзи душанбе, 29-уми июн, дар зиёфате ба ифтихори раисони парлумонҳои кишварҳои узви НАТО дар Истанбул гуфтааст, ки Туркия таҷрибаи густардаи худро дар чаҳорчӯби НАТО ва тавоноии мудирияти буҳронҳои минтақаиро дар ихтиёри муттаҳидонаш қарор медиҳад.

Ӯ афзудааст, ки Туркия дар ҳоли афзоиши буҷаи дифоии худ аст ва дар ҳоли ҳозир дар миёни панҷ кишвари нахусти иштироккунанда дар маъмуриятҳо ва амалиёти НАТО қарор дорад.

Раиси ҷумҳури Туркия таъкид кардааст, ки ҳифзи боздорандагии НАТО ва тақвияти ҳамбастагӣ миёни аъзо дар шароити кунунӣ аҳамияти бештаре пайдо кардааст.

Эрдуғон ҳамчунин, хостори эҷоди як шабакаи амниятӣ ва дифоӣ дар саросари НАТО шудааст, ки ба гуфтаи ӯ аз “Техас то Анқара”-ро дар бар гирад.

Ӯ дар бахши дигари суханонаш гуфтааст, ки ҷанги Украина бояд аз роҳи гуфтугӯ поён ёбад ва бар зарурати дастёбӣ ба натиҷа дар ин замина таъкид кардааст.

Эрдуғон ҳамчунин, таъкид кардааст, то замоне, ки “ишғоли заминҳои Фаластин” идома дошта бошад, дастёбӣ ба сулҳи пойдор дар Ховари Миёна мумкин нахоҳад буд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

14.10.2026 18:23

Вазорати хориҷии Тоҷикистон ҳамла ба фурудгоҳҳо ва зерсохторҳои энергетикии Арабистони Саудиро маҳкум кард

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот аз ҳамла ба фурудгоҳҳо ва зерсохторҳои энергетикии Арабистони Саудӣ, ки боиси кушта ва захми шудани шаҳрвандони ин кишвар шудаанд, изҳори нигаронӣ кардааст.
14.10.2026 17:45

Таҳлилгари Саудӣ: Арабистони Саудӣ қасд дорад ба зерсохторҳои энергетикии Яман ҳамла кунад

Навоф Убайд, таҳлилгари масоили амниятӣ ва иттилоотӣ мегӯяд, Арабистони Саудӣ дар марҳалаи аввали нақшаи худ алайҳи Яман ба манобеи барқ ва энержии ин кишвар ҳамла хоҳад кард.
14.10.2026 16:44

Президенти кишвар бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон рафтанд

Имрӯз, 14-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар карданд.
14.10.2026 16:13

Дар даври чоруми «Илм – фурӯғи маърифат» 700 довталаб иштирок мекунад

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе хабар дод, ки даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз 19-ум то 28-уми октябр дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор мегардад.
14.10.2026 12:23

Иштироки Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи Академияи футболи ВМКБ

Имрӯз, 14-уми октябр президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар ноҳияи Дарвоз баргузор гардид, иштирок намуд.
14.10.2026 12:14

Дипломати рус: Дар ҳамлаи Украина ба хоки Русия кӯдакону ғайринизомиён кушта мешаванд

Радион Мирошник, дипломати рус мегӯяд, дар натиҷаи ҳамлаҳои як ҳафтаи ахири Украина ба хоки Русия 52 ғайринизомӣ, аз ҷумла 5 кӯдак куштаву 270 нафари дигар захмӣ шудаанд.