Маскав: ҳузури дубораи Амрико дар Афғонистон ба кишварҳои минтақа таҳдид аст
Трамп: “Дар куштани роҳбарони Эрон зиёдаравӣ кардем / Ҳоло бо кӣ гуфтугӯ кунем”
Фишори Трамп бар Зеленский: “Ба фикри тавофуқ бо Путин бош”
Артиши Яман аз сарнагун кардани паҳподи “Винг Лунг-2” хабар дод
Тавофуқи Эрон ва Амрико: Пизишкиён: “6 миллиард доллар дороиҳои блокшудаи Эрон озод мешавад”
Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон ҳамзамон бо танишҳои охир миёни неруҳои мусаллаҳи Эрон ва Амрико дар Халиҷи Форс, гуфтааст, ки 6 миллиард доллар аз маҷмуи 12 миллиард долларии манобеи Эрон дар Қатар, бар асоси барномарезиҳои анҷомшуда, озод хоҳад шуд.
Хабаргузории “Форс” рӯзи душанбе, 29-уми июн, гузориш додааст, ки Масъуд Пизишкиён аз барномарезӣ ва пайгирии озод шудани 6 миллиард доллари дигари манобеи масдудшудаи Эрон дар Қатар низ хабар додааст.
Бар асоси гузориш, раиси ҷумҳури Эрон гуфтааст, ки дороиҳои масдудшудаи Эрон пас аз озод шудан дар Қатар, ба Эрон бозгардонида хоҳанд шуд.
Озодсозии бахше аз дороиҳои блокшудаи Эрон бахше аз тавофуқномаи Исломобод аст, ки миёни Теҳрон ва Вашингтон ба таври онлайн имзо шуд.
Ин дар ҳолест, ки дар чанд рӯзи охир танишҳо ва даргириҳои низомӣ миёни неруҳои амрикоӣ ва эронӣ дар Халиҷи Форс афзоиш ёфтааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Нафси боиштиҳо”-и мошинҳо мақомоти Тоҷикистонро ба сӯйи Эрону Амрико мекашад
Сафари Президенти кишвар ба Шаҳринав аз боздиди Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода оғоз шуд
Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба Артиш 84 фоиз иҷро гардид
Файзалӣ Идизода бо иштирокчиёни Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд