Артиши Яман аз сарнагун кардани паҳподи “Винг Лунг-2” хабар дод
Садамаи қатора дар Покистон: 4 нафар кушта ва 30 тани дигар захмӣ шуданд
Русия: барои музокирот бо Украина омода ҳастем
Эътирози хиёбонии “Насли Z” ва хонадони Гандӣ дар муқобили ислоҳоти Модӣ дар Ҳиндустон: интихобот қоғазӣ шавад
Мавҷи гармо дар Фаронса ҷони 1000 нафарро гирифт
Ҳудуди 1000 тан дар Фаронса дар пайи мавҷи бесобиқаи гармо ҷони худро аз даст додаанд: мавҷе, ки ҳамзамон бо афзоиши шадиди ҳарорат дар минтақаҳои гуногуни Аврупо паёмадҳои густурдаи инсониро бар ҷой гузоштааст.
“Рейтерз” рӯзи якшанбе, 28 –уми июн, гузориш додааст, мақомоти тандурустии Фаронса эълом кардаанд, ки бештари қурбониён пиронсолон будаанд ва эҳтимоли афзоиши омори талафот бо такмили баррасиҳо дар марказҳои нигоҳубин ва манзилҳои шахсӣ вуҷуд дорад.
Бар асоси гузориш, гармои шадид сабаби мушкилот дар тавлиди неруи барқ, фишор бар низомҳои тандурустӣ ва осеб ба зерсохтҳо дар чандин кишвари аврупоӣ шудааст.
Коршиносони тағйироти иқлимӣ ҳушдор додаанд, ки мавҷҳои гармои шадид дар солҳои охир афзоиш ёфтаанд ва кишварҳо барои муқобилият бо паёмадҳои он омодагии кофӣ надоранд.
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ низ гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир 150 миллион тан таҳти таъсири гармои шадид зиндагӣ мекунанд, садҳо тан ҷони худро аз даст додаанд, мактабҳо баста шудаанд ва шабакаҳои барқ таҳти фишор қарор гирифтаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Фишори Трамп бар Зеленский: “Ба фикри тавофуқ бо Путин бош”
Артиши Яман аз сарнагун кардани паҳподи “Винг Лунг-2” хабар дод
Кореяи Шимолӣ аз озмоиши мушаки баллистикии тактикӣ хабар дод
Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон 42,5 миллион доллар маблағҳои иловагӣ ҷудо мекунад