Дар фурудгоҳи Душанбе терминали нави байналмилалӣ сохта мешавад
Як зина боло. Мавқеи тими миллии Тоҷикистон дар раддабандии ФИФА беҳтар гардид
Яман аз сарнагун кардани паҳподи туркии Арабистони Саудӣ хабар дод
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз ҳамлаи мушакӣ бар Толибон дар Кописо хабар дод
Марҳилаи якшонздаҳуми ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии 2026 бо баргузории дидорҳои ҳассос оғоз мешавад
Бо поёни марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии 2026, тимҳои роҳёфта ба марҳилаи якшонздаҳуми ниҳоӣ ҳарифони худро дар ин марҳила муайян карданд ва рақобатҳои ҳассоси марҳилаи ҳазфӣ оғоз хоҳад шуд.
Бар асоси барномаи мусобиқаҳо, тимҳои Ҳолланд ва Марокаш рӯзи душанбе, 29-уми июн, дар нахустин дидори ин марҳила ба бозӣ хоҳанд рафт.
Ин мусобиқа рақобати ду тими ҳозир дар миёни 10 тими бартари радабандии ФИФА аст ва аз муҳимтарин дидорҳои ин марҳила ба шумор меравад.
Дар идомаи рақобатҳо, Кот-д Ивуара баробари Нарвегия қарор мегирад: дидоре, ки интизор меравад Эрлинг Ҳоланд пас аз истироҳат дар охирин бозии марҳилаи гурӯҳӣ, бори дигар дар ҳайати асосии Нарвегия ба майдон барояд.
Фаронса, яке аз муддаиёни қаҳрамонӣ, низ баробари Шветсия сафороӣ хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол, тими миллии Амрико бо ҳидояти Маурисио Почеттино ба муқобили Босния ва Гертсоговина меравад.
Испания дар дигар дидори марҳилаи якшонздаҳуми ниҳоӣ баробари Австрия қарор хоҳад гирифт ва Португалия низ дар яке аз ҷаззобтарин мусобиқаҳои ин марҳила бо Хорватия рӯбарӯ мешавад: дидоре, ки рақобати Криштиану Роналдо ва Лука Модрич таваҷҷуҳи бисёреро ба худ ҷалб кардааст.
Дар идома, Аргентина, мудофеи унвони қаҳрамонӣ, бо тими Кабо-Верде дидор хоҳад кард ва Колумбия низ пас аз садрнишинӣ дар гурӯҳи худ, дар баробари Гана ба майдон меравад.
Марҳилаи якшонздаҳуми ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии 2026 аз 29-уми июн то 3-уми июл баргузор мешавад ва тимҳои пирӯз ба марҳилаи якҳаштуми ниҳоии ин рақобатҳо роҳ хоҳанд ёфт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Украина аз тавофуқи Трамп бо Русия барои содироти дизел шадидан интиқод кард
Душанбе аз таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Теҳрон хабар дод
“Ал-Ҷазира”: Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия Душанберо ба домани Теҳрон тела медиҳад?
Ҷавонони Тоҷикистон аз Бозиҳои 20-уми Делфӣ 16 медал ба даст оварданд