Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2026 ба “Навӣ” Пиллэй, ҳуқуқшиноси маъруфи Африқои Ҷанубӣ дода шуд
Шабакаи иҷтимоии бузургтарини Русия аз Иттиҳоди Аврупо ба додгоҳ шикоят бурд
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: “Бачабозӣ” дар миёни Толибон идома дорад
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: Толибон кӯдаконро ба ҳайси сарбоз ҷалб мекунанд
Гутерриш аз омодагии Созмони Милал барои кумакрасонӣ ба зилзилазадагони Венесуэла хабар дод
Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, бо изҳори ҳамдардӣ нисбат ба қурбониёни заминларзаҳои маргбор дар Венесуэла, аз омодагии ин созмон барои ҳимоят аз раванди кумакрасонӣ ба осебдидагон хабар додааст.
Гутерриш рӯзи панҷшанбе, 25-уми июн, дар саҳифаи “Х” навиштааст, ки аз ҷон бохтани шумори зиёде аз шаҳрвандони Венесуэла ва вайронаҳои густурда аз ин заминларзаҳо амиқан андӯҳгин аст.
Ӯ дар ин паём гуфтааст, ки ниҳодҳои Созмони Милал барои ироаи кумакҳо муттаҳид шудаанд ва аз наздик бо давлати Венесуэла ва шарикони худ барои ҳимоят аз талошҳои ёрирасонӣ ҳамкорӣ мекунанд.
Дабири кулли Созмони Милал ҳамчунин, таслияти худро ба хонаводаҳои қурбониён изҳор карда ва барои захмиёни ин рӯйдод орзуи сиҳатмандӣ кардааст.
Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ мешавад, ки амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот дар минтақаҳои осебдидаи Венесуэла идома дорад ва нигарониҳо дар бораи вазъияти ҳазорон фард ҳамчунон побарҷост.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Украина аз тавофуқи Трамп бо Русия барои содироти дизел шадидан интиқод кард
Душанбе аз таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Теҳрон хабар дод
“Ал-Ҷазира”: Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия Душанберо ба домани Теҳрон тела медиҳад?
Ҷавонони Тоҷикистон аз Бозиҳои 20-уми Делфӣ 16 медал ба даст оварданд