15 Октябр 2026,
панҷшанбе, 10:05, Душанбе
25.06.2026 18:51

Рубио: “Авлавияти Амрико наҷоти афроди зери вайронаҳо дар Венесуэла аст”

Марко Рубио, вазири корҳои хориҷаи Иёлоти Муттаҳида, эълом кардааст, ки авлавияти аслии Вашингтон дар пайи заминларзаи маргбор дар Венесуэла, наҷоти афроде аст, ки ҳамакнун зери вайронаҳо гирифтор мондаанд.

“Ал-Ҷазира” рӯзи панҷшанбе, 25-уми июн, гузориш додааст, Рубио дар гуфтугӯ бо хабарнигорон гуфтааст, ки ҳадафи аслӣ дар ҳоли ҳозир наҷоти афроде аст, ки зери вайронаҳо мондаанд.

Рубио гуфтааст, ки бархе аз қурбониён ба Иёлоти Муттаҳида вобастагӣ доранд, аммо кумакрасонӣ ба осебдидагон сирфан ба ин далел анҷом намешавад ва Вашингтон бар ҷанбаи инсонии ин фоҷиа тамаркуз дорад.

Бар асоси гузоришҳо, дастикам 164 нафар дар ин заминларза ҷони худро аз даст дода ва наздики як ҳазор нафари дигар захмӣ шудаанд.

Вазири корҳои хориҷаи Амрико гуфтааст: “Мо бо ин вазъият рӯбарӯ шудаем ва акнун бояд ба он посух диҳем ва ин корро ба шакли бисёр мусбат анҷом хоҳем дод”.

Рубио бо изҳори ҳамдардӣ бо қурбониёни ин фоҷиа, изҳори умедворӣ кардааст, ки Венесуэла бо вуҷуди ин фоҷиа, дар ниҳоят аз ин буҳрон нерумандтар берун хоҳад омад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

14.10.2026 18:23

Вазорати хориҷии Тоҷикистон ҳамла ба фурудгоҳҳо ва зерсохторҳои энергетикии Арабистони Саудиро маҳкум кард

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот аз ҳамла ба фурудгоҳҳо ва зерсохторҳои энергетикии Арабистони Саудӣ, ки боиси кушта ва захми шудани шаҳрвандони ин кишвар шудаанд, изҳори нигаронӣ кардааст.
14.10.2026 17:45

Таҳлилгари Саудӣ: Арабистони Саудӣ қасд дорад ба зерсохторҳои энергетикии Яман ҳамла кунад

Навоф Убайд, таҳлилгари масоили амниятӣ ва иттилоотӣ мегӯяд, Арабистони Саудӣ дар марҳалаи аввали нақшаи худ алайҳи Яман ба манобеи барқ ва энержии ин кишвар ҳамла хоҳад кард.
14.10.2026 16:44

Президенти кишвар бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон рафтанд

Имрӯз, 14-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар карданд.
14.10.2026 16:13

Дар даври чоруми «Илм – фурӯғи маърифат» 700 довталаб иштирок мекунад

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе хабар дод, ки даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз 19-ум то 28-уми октябр дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор мегардад.
14.10.2026 12:23

Иштироки Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи Академияи футболи ВМКБ

Имрӯз, 14-уми октябр президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар ноҳияи Дарвоз баргузор гардид, иштирок намуд.
14.10.2026 12:14

Дипломати рус: Дар ҳамлаи Украина ба хоки Русия кӯдакону ғайринизомиён кушта мешаванд

Радион Мирошник, дипломати рус мегӯяд, дар натиҷаи ҳамлаҳои як ҳафтаи ахири Украина ба хоки Русия 52 ғайринизомӣ, аз ҷумла 5 кӯдак куштаву 270 нафари дигар захмӣ шудаанд.