Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2026 ба “Навӣ” Пиллэй, ҳуқуқшиноси маъруфи Африқои Ҷанубӣ дода шуд
Шабакаи иҷтимоии бузургтарини Русия аз Иттиҳоди Аврупо ба додгоҳ шикоят бурд
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: “Бачабозӣ” дар миёни Толибон идома дорад
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: Толибон кӯдаконро ба ҳайси сарбоз ҷалб мекунанд
Эъломи вазъияти изтирорӣ дар Венесуэла дар пайи 2 заминларзаи шадид / Эҳтимоли талафоти сангин ва хисороти густарда
Дар пайи 2 заминларзаи шадид дар ғарби пойтахти Венесуэла, шуморе аз сохтмонҳо дар шаҳри Каракас фурӯ рехтанд ва Маркази заминшиносии Амрико нисбат ба эҳтимоли “талафоти сангин ва хисороти густарда” дар ин кишвари Амрикои Ҷанубӣ ҳушдор дода, давлати Венесуэла дар ин кишвар вазъияти изтирорӣ эълом кард.
Ба гузориши рӯзномаи “Гардиан”, бар асоси эъломи Маркази заминшиносии Амрико, як заминларзаи 7.2 рихтерӣ дар ҳудуди 160 километрии ғарби Каракас рух дод ва баъди камтар аз як дақиқа боз заминларзае ба қувваи 7.5 рихтер минтақаро ларзонд.
Ин марказ эълом кард, ки “талафоти зиёд ва хисороти густарда дар роҳ аст. Таҳлили ибтидоии ин марказ, теъдоди қурбониёни эҳтимолиро байни 10 ҳазор то 100 ҳазор нафар эълом кардааст.
Мақомоти Венесуэла то кунун омори расмӣ аз кушташудагон ё маҷруҳон мунташир накардаанд.
Делси Родригес, раиси ҷумҳури муваққати Венесуэла, дар ин кишвар вазъияти изтирорӣ эълом кардааст.
Ӯ дар мусоҳибаи телевизионӣ аз мардум хост оромиш ва иттиҳоди худро ҳифз кунанд.
Родригес ҳамчунин, гуфт, ки фурудгоҳи аслии кишвар пас аз “хисороти шадид” баста шуда ва ҳаракати метро ва қатора низ мутаваққиф шудаанд.
Ӯ афзуд: “Мо ба касоне, ки наздикони худро аз даст додаанд, таслият мегӯем”. Раиси ҷумҳури Венесуэла теъдоди талафот ё хисороти ҷониро эълом накард.
Родригес ҳамчунин, аз шаҳрвандон хост, ки сохтмонҳои осебдидаро тахлия кунанд.
Диосдадо Кабело, вазири корҳои дохилии Венесуэла низ дар гуфтугӯ бо телевизиони ин кишвар эълом кард: “Бархе сохтмонҳо дар Каракас фурӯ рехтаанд ва теъдоди зиёде вайрон шудаанд”.
Аксҳои мунташиршуда аз маҳалли ҳодиса, неруҳои ёрирасонро нишон медиҳад, ки дар ҳоли ҷустуҷӯ дар миёни вайронаҳои сохтмонҳои фурӯрехта дар пойтахт ҳастанд.
Ин 2 заминларзаи шадид дар ҳоле рух дод, ки бисёре аз шаҳрвандони Венесуэла ба сабаби таътили расмӣ ва солгарди пирӯзии низомии соли 1821, ки ба истиқлоли ин кишвар аз Испания сабаб шуд, дар хонаҳои худ ҳузур доштанд.
Астрид Рамирес, 41-сола ва сокини ғарби Каракас гуфт: “Ҳангоми шуруи заминларза садои фарёди мардумро шунидем ва ҳама аз зинаҳо ба сӯйи поён медавиданд”.
Венесуэла дар минтақае бо дараҷаи баланди заминларза қарор дорад.
Сокинони Каракас, ки дар соли 1967 низ заминларзаи маргбори 6.3 рихтериро таҷриба карда буданд, бо ларзиши шадиди сохтмонҳо ба кӯчаҳо паноҳ бурданд.
Дар пайи ин 2 заминларза, сомонаи ҳушдори сунамии Амрико барои Пуэрто-Рико, ҷазираҳои Вирҷини Амрико ва Британия ҳушдори сунамӣ содир кард.
Ин сомона, ҳамчунин, эълом кард, ки ҷазираҳои Аруба, Кюрасао ва Бонейр дар наздикии соҳилҳои Венесуэла низ мумкин аст бо мавҷҳои хатарнок рӯбарӯ шаванд. Бо ин ҳол, ин ҳушдор баъди як соат лағв шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Украина аз тавофуқи Трамп бо Русия барои содироти дизел шадидан интиқод кард
Душанбе аз таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Теҳрон хабар дод
“Ал-Ҷазира”: Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия Душанберо ба домани Теҳрон тела медиҳад?
Ҷавонони Тоҷикистон аз Бозиҳои 20-уми Делфӣ 16 медал ба даст оварданд