Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2026 ба “Навӣ” Пиллэй, ҳуқуқшиноси маъруфи Африқои Ҷанубӣ дода шуд
Шабакаи иҷтимоии бузургтарини Русия аз Иттиҳоди Аврупо ба додгоҳ шикоят бурд
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: “Бачабозӣ” дар миёни Толибон идома дорад
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: Толибон кӯдаконро ба ҳайси сарбоз ҷалб мекунанд
Далер Ҷумъа бо роҳбарияти ширкати «ANDRITZ Hydro» масъалаи таҷдиди Неругоҳи «Норак»-ро баррасӣ кард
Дар шаҳри Венаи Австрия вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Герхард Криглер, директори иҷроияи ширкати «ANDRITZ Hydro», роҳбари иҷроияи минтақаи Аврупои Марказӣ ва Александер Шваб, директори маркетинг ва ноиби калони президенти ширкати «ANDRITZ Hydro» вохӯрӣ намуд.
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар меҳвари суҳбати ҷонибҳо масъалаи таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Норак» қарор гирифта, амалисозии марҳилаҳои таҷдиди неругоҳ, таъмини саривақтии истеҳсол ва насби таҷҳизоти муосир, инчунин, масъалаҳои техникиву ташкилии вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои тарафҳо муҳокима гардиданд.
“Таъкид карда шуд, ки таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Норак» яке аз лоиҳаҳои калидии соҳаи энергетикаи кишвар ба ҳисоб рафта, барои баланд бардоштани иқтидори истеҳсоли неруи барқ, беҳтар намудани эътимоднокии фаъолияти неругоҳ ва таъмини рушди устувори низоми энергетикии мамлакат аҳамияти муҳим дорад”, - навиштааст манбаъ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Украина аз тавофуқи Трамп бо Русия барои содироти дизел шадидан интиқод кард
Душанбе аз таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Теҳрон хабар дод
“Ал-Ҷазира”: Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия Душанберо ба домани Теҳрон тела медиҳад?
Ҷавонони Тоҷикистон аз Бозиҳои 20-уми Делфӣ 16 медал ба даст оварданд