13 Октябр 2026,
сешанбе, 11:39, Душанбе
25.06.2026 09:22

Раҳбарони Аврупо дар остонаи нишасти НАТО бар ваҳдат ва ҳамкории дифоӣ таъкид карданд

Раҳбарони панҷ кишвари аврупоӣ дар остонаи нишасти НАТО дар Анқара бар тақвияти ҳамкориҳои дифоӣ ва ҳифзи ваҳдат дар баробари чолишҳои амниятӣ таъкид кардаанд.

Фридрих Мертс, нахуствазири Олмон, рӯзи чоршанбе, 24-уми июн, дар Берлин мизбони раҳбарони Британия, Фаронса, Италия ва Лаҳистон буд.

Ин нишаст дар ҳоле баргузор шуд, ки дар моҳҳои охир ихтилофҳое миёни бархе кишварҳои аврупоӣ ва Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ва низ миёни аъзои аслии Аврупо бар сари масоили дифоӣ ва амниятӣ ба вуҷуд омадааст.

Мертс гуфтааст, ки нишасти НАТО дар рӯзҳои 7-ум ва 8-уми июл дар Анқара фурсате хоҳад буд, то Аврупо азми худро барои ифои нақши пуррангтар дар ҳавзаи дифоӣ нишон диҳад.

Ӯ афзудааст: “Мо мехоҳем ин эътилофро навсозӣ кунем ва сутуни аврупоии онро тақвият намоем”.

Раҳбарони ин кишварҳо дар баёнияи муштарак бар уҳдадории пойдори худ ба амнияти Евро-Атлантик ва равобити фароатлантикӣ таъкид кардаанд.

Ин нишаст дар ҳоле баргузор шудааст, ки лоиҳаи муштараки сохти ҷанганда миёни Олмон ва Фаронса ба далели ихтилофҳои стратегӣ мутаваққиф шуда ва бархе кишварҳои аврупоӣ низ аз нақшофаринии маҳдуд дар гуфтугӯҳои марбут ба Украина интиқод кардаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

12.10.2026 19:10

Эътирози хиёбонии “Насли Z” ва хонадони Гандӣ дар муқобили ислоҳоти Модӣ дар Ҳиндустон: интихобот қоғазӣ шавад

Аз рӯзи 10-уми октябр ба ин сӯ дар шаҳри Деҳлии нав ва дигар шаҳрҳои Ҳиндустон ҷавонон ва тарафдорони Ҳизби конгресси Ҳиндустон намоишҳои хиёбонии эътирозӣ доир намуда, ҳукумати Модиро ба он муттаҳам мекунанд, ки мардумро аз ҳаққи овоздиҳӣ маҳрум мекунад.
12.10.2026 18:49

Бақоӣ: “Вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор ҳақиқат надорад”

Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, дар вокуниш ба хабари вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор гуфтааст, ки ин масъала бар асари “нофаҳмӣ” ба миён омадааст.