13 Октябр 2026,
сешанбе, 11:39, Душанбе
22.06.2026 15:30

Нахуствазири Британия истеъфо медиҳад

Кир Стармер, нахуствазири Британия, гуфтааст, ки аз мақоми нахуствазирии ин кишвар истеъфо хоҳад дод.

“Рейтерз” рӯзи душанбе, 22-уми июн, гузориш додааст, ки истеъфои Кир Стармер роҳро барои ҳафтумин раҳбари Британия дар 10 соли охир ҳамвор хоҳад кард.

Бар асоси гузориш, Кир Стармер гуфтааст, ки то замони бозгушоии парлумон дар моҳи сентябр раҳбари ҷадиде (дар Ҳизби коргар) рӯи кор хоҳад омад.

Дар ҳафтаҳои охир, нахуствазири Британия зери фишори ҳамҳизбиҳо ва афкори умумии Британия барои истеъфо аз нахуствазирӣ қарор дошт.

Кир Стармер ба намояндагӣ аз Ҳизби коргари Британия ба қудрат расидааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

12.10.2026 19:10

Эътирози хиёбонии “Насли Z” ва хонадони Гандӣ дар муқобили ислоҳоти Модӣ дар Ҳиндустон: интихобот қоғазӣ шавад

Аз рӯзи 10-уми октябр ба ин сӯ дар шаҳри Деҳлии нав ва дигар шаҳрҳои Ҳиндустон ҷавонон ва тарафдорони Ҳизби конгресси Ҳиндустон намоишҳои хиёбонии эътирозӣ доир намуда, ҳукумати Модиро ба он муттаҳам мекунанд, ки мардумро аз ҳаққи овоздиҳӣ маҳрум мекунад.
12.10.2026 18:49

Бақоӣ: “Вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор ҳақиқат надорад”

Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, дар вокуниш ба хабари вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор гуфтааст, ки ин масъала бар асари “нофаҳмӣ” ба миён омадааст.