Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”
Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Ҳушдори вазирони “Гурӯҳи ҳафт” ба Амрико дар бораи паёмадҳои ҷанг бар зидди Эрон
Вазирони молияи Гурӯҳи ҳафт (G7) аз Амрико хостанд, барои ҷилавгирӣ аз ташдиди буҳрони иқтисодӣ дар Аврупо ба ҷанг алайҳи Эрон хотима диҳад.
Ба гузориши расонаҳои Аврупо вазирони молияи кишварҳои узви Гурӯҳи ҳафт дар нишасти охири худ дар Париж ба Скотт Бессант, вазири молияи Иёлоти Муттаҳида ҳушдор доданд, ки идомаи ҷанг алайҳи Эрон метавонад паёмадҳои вазнине барои иқтисоди Аврупо бо худ дошта бошад ва бояд ҳарчи зудтар боздошта шавад.
Вазирони молияи кишварҳои Канада, Фаронса, Олмон, Италия, Ҷопон, Англия ва Иёлоти Муттаҳида, дар нишасти дурӯза, дар рӯзҳои душанбе ва сешанбе, бар номутавозинии тиҷорат, мубориза бо ҷиноятҳои молиявӣ ва имкониятҳои ҳуши маснуъӣ таъкид карданд.
Дар оғози нишаст, як мақоми Вазорати молияи Фаронса эълом кард, ки Амрико ва Аврупо нисбат ба таъсирҳои иқтисодии ҷанг дар Ховари Миёна дидгоҳҳои гуногуне доранд.
Манобеи огоҳ аз гуфтугӯҳои пушти дарҳои баста дар ҷараёни нишасти дурӯзаи Гурӯҳи ҳафт хабар доданд, намояндагони кишварҳои Олмон, Фаронса, Италия ва ҳамчунин, Комиссияи Аврупо ба таври муштарак нигаронии худро дар бораи таъсири ҷанг бо Эрон бар иқтисоди ҷаҳонӣ матраҳ карданд.
Дар ин нишаст таъкид шудааст, ки даргириҳо боиси афзоиши шадиди нархи нафт дар Иттиҳоди Аврупо шуда ва рушди иқтисодиро таҳти фишор қарор додааст.
Вазирони аврупоӣ дар ин гуфтугӯҳо аз Амрико хостаанд барои ҷилавгирӣ аз ташдиди буҳрони иқтисодӣ дар қораи Аврупо, масири коҳиши танишҳо дар Ховари Миёнаро дар пеш бигирад.
Вазири молияи Фаронса, ки раёсати нишастро бар уҳда дошт, изҳор кард: “Танҳо аврупоиҳо ба ин фикр нарасидаанд, ки ҷанг алайҳи Эрон бояд зудтар қатъ шавад. Мо медонем тангаи Ҳурмуз хеле зуд боз хоҳад шуд ва паёмадҳои иқтисодии ин буҳрони геополитикӣ ҳал хоҳад шуд”.
Вазири молияи Олмон таъкид кард: “Мо масъули ин ҷанг нестем, аммо асари он ба Олмон расида ва тавсеаи иқтисодиро таҳти таъсир қарор додааст. Мо бори дигар мавзеъи худро баён мекунем: мо хостори поёни тезтари ин ҷанг ҳастем. Мо хостори як роҳкор аз тариқи гуфтугӯ ҳастем ва мехоҳем тангаи Ҳурмуз боз бимонад”.
Аммо Скотт Бессант бори дигар аз шарикони аврупоии худ хост, то қадамҳои лозим барои ифои нақш дар ин набарди иқтисодӣ алайҳи Эронро бардоранд, аз ҷумла бо аъмоли таҳримҳои бештар.
Дар поёни нишаст низ вазири молияи Италия нисбат ба имзои як тавофуқи сулҳ дар Ховари Миёна изҳори умедворӣ кард.
Дар ин нишаст ҳамчунин, намояндагоне аз кишварҳои дигар, аз ҷумла бархе кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс, Бразилия ва Кения ҳузур доштанд.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 18-уми май эълом кард, ки ҳамлаи барномарезишуда алайҳи Эронро мутаваққиф кардааст. Ин изҳорот пас аз он сурат гирифт, ки гуфта мешавад Теҳрон як пешниҳоди сулҳ ба Вашингтон ирсол кард ва акнун “эҳтимоли бисёр хубе” барои дастёбӣ ба тавофуқ ҷиҳати маҳдуд кардани Барномаи ҳастаии Эрон вуҷуд дорад.
Бо ин ҳол, бештари кишварҳои Гурӯҳи ҳафт изҳори норизоятӣ кардаанд, ки Вашингтон ва Исроил бидуни дар назар гирифтани паёмадҳои иқтисодӣ ва эҳтимоли баста шудани тангаи Ҳурмуз, як оброҳи ҳаётӣ барои бозорҳои энергетикӣ, ба Эрон ҳамла кардаанд.
Масъалаҳои Сурия ва Украина низ дар бахшҳое аз ин гуфтугӯҳо баррасӣ шуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад