“Ҳар чизе дар дасти мо буд, кардем”. Нурулло Алиев ба муҳимтарин муҳорибааш омода аст
Ҷабҳаи озодӣ: Мо се Толибро дар вилояти Парвони Афғонистон куштем
Тарғиби фарҳанги китобхонӣ. XIV Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.
Мақомот зани гумонбар ба дуздидани навзод аз таваллудхонаро дастгир кард
Доир ба фазои бехатар ва масъулияти блогерон чорабинӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, блогерон ва фаъолони фазои интернетӣ дар мавзуи «Фазои иттилоотии бехатар: масъулияти блогерон дар пешгирии ҷиноятҳои муосири интернетӣ» чорабинӣ баргузор гардид.
Бинобар иттилои маркази матбуоти Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар чорабинӣ таъкид гардид, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо, масъалаи таъмини фазои иттилоотии бехатар, пешгирии паҳншавии иттилооти бардурӯғ ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ дар муҳити интернетӣ аҳамияти муҳим касб намудааст.
“Зикр гардид, ки блогерон ва фаъолони фазои интернетӣ имрӯз дар ташаккули афкори ҷомеа, баланд бардоштани маърифати рақамии шаҳрвандон ва паҳн намудани иттилооти зарурӣ нақши таъсиргузор доранд. Аз ин рӯ, фаъолияти онҳо бояд бо дарки масъулияти баланди иҷтимоӣ, риояи талаботи қонунгузорӣ ва эҳтиром ба манфиатҳои ҷомеа ва давлат амалӣ карда шавад”, - афзудааст манбаъ.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар вохӯрӣ намояндагони мақомоти дахлдор вобаста ба масъалаи пешгирии ҷиноятҳои муосири интернетӣ, аз ҷумла паҳншавии иттилооти бардурӯғ, қаллобӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо, тарғиби ғояҳои терроризму экстремизм, савдои одамон ва дигар таҳдидҳои муосир дар фазои интернетӣ суханронӣ намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Заминларза бо қувваи 7 бал дар Тибет: 16 нафар ба ҳалокат расида ва 65 тани дигар захмӣ шуданд
Байни Тоҷикистону Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ба имзо расид