Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон гули лола ва сиёҳгӯш гулҳои миллӣ эълон шуданд
Президенти кишвар чанд қонун, аз ҷумла «Дар бораи муҳоҷират»-ро имзо карданд
Нимпайкараи Қаҳҳор Маҳкамов дар Хуҷанд гузошта шуд
Дипломати аршади тоҷик дар Бағдод рушди ҳамкориҳои сиёсиву тиҷоратӣ ва фарҳангиро баррасӣ кард
Президенти кишвар аз корхонаи саноатии “Серес” дидан намуданд
Имрӯз, 13-уми май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Чонгчини Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар карданд.
Бинобар иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз корхонаи саноатии “Серес” дидан намуданд.
Гуфта мешавад, ки дар бораи иқтидор, самти фаъолият ва маҳсулоти корхонаи саноатии “Серес” оид ба истеҳсоли мошинҳои ширкати “Хуавей Аито” ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот дода шуд.
Аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки ширкати мазкур аз якчанд корхонаи калони истеҳсолӣ иборат буда, танҳо дар як коргоҳи мошинбарорӣ 1500 мутахассис фаъолият мекунад.
Ҳамчунин, манбаъ менависад, ки баъди боздид аз корхонаи саноатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони марбутаи соҳаи саноати Тоҷикистон супориш доданд, ки бо ҳамин гуна корхонаҳои кишвари ҳамсоя ҳамкории пурсамар ба роҳ монанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳорун Самарқандӣ: “Ояндаи тоҷикони Афғонистон ба ташаккули стратегияи мустақили сиёсӣ вобаста аст
“Ҳар чизе дар дасти мо буд, кардем”. Нурулло Алиев ба муҳимтарин муҳорибааш омода аст
Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод
Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад