Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон гули лола ва сиёҳгӯш гулҳои миллӣ эълон шуданд
Президенти кишвар чанд қонун, аз ҷумла «Дар бораи муҳоҷират»-ро имзо карданд
Нимпайкараи Қаҳҳор Маҳкамов дар Хуҷанд гузошта шуд
Дипломати аршади тоҷик дар Бағдод рушди ҳамкориҳои сиёсиву тиҷоратӣ ва фарҳангиро баррасӣ кард
Сарвари давлат бо унвони профессори фахрии Донишгоҳи Пекин сарфароз гардиданд
Имрӯз, 12-уми май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Донишгоҳи Пекин сафар карда, дар назди устодону донишҷуён суханронӣ намуданд.
Тавре ки иттилоъ дода мешавад, бо қарори Шурои илмиву таълимии Донишоҳи Пекин барои саҳми арзанда дар таҳкими муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Чин, рушду густариши робитаҳои илмӣ, гуманитариву фарҳангӣ ва ба хусус ташаббусҳои глобалӣ дар соҳаи обу иқлим дар вазъияти тантанавӣ ба Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодатномаи Профессори фахрӣ ва лавҳаи биринҷии унвони илмӣ супорида шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ таъкид карданд, ки то имрӯз 50 шаҳрванди Тоҷикистон Донишоҳи Пекинро бомуваффақият хатм карда, ҳоло 6 нафари дигар дар асоси бурсияҳои давлатии Чин дар риштаҳои гуногун таҳсил менамоянд.
Ҳамчунин, иттилоъ дода мешавад, ки ҳоло 40 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар 47 кишвари дунё таҳсилоти олӣ мегиранд, аз ин шумора наздики шаш ҳазор нафар дар Чин бо таҳсил фаро гирифта шудааст ва дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 10 ҳазор нафар шаҳрванди Тоҷикистон муассисаҳои таҳсилоти олии Чинро хатм кардаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳорун Самарқандӣ: “Ояндаи тоҷикони Афғонистон ба ташаккули стратегияи мустақили сиёсӣ вобаста аст
“Ҳар чизе дар дасти мо буд, кардем”. Нурулло Алиев ба муҳимтарин муҳорибааш омода аст
Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод
Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад