Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2026 ба “Навӣ” Пиллэй, ҳуқуқшиноси маъруфи Африқои Ҷанубӣ дода шуд
Шабакаи иҷтимоии бузургтарини Русия аз Иттиҳоди Аврупо ба додгоҳ шикоят бурд
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: “Бачабозӣ” дар миёни Толибон идома дорад
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: Толибон кӯдаконро ба ҳайси сарбоз ҷалб мекунанд
Гутерриш: “Ҳуши маснуъӣ бояд ба нафъи ҳама ва таҳти меъёрҳои ҷаҳонӣ бошад”
Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, бар аҳамияти нақши ҳайати машваратии илмии ин созмон дар ҳидояти рушди ҳуши маснуъӣ таъкид кардааст.
Гутерриш рӯзи 4-уми май дар саҳифаи корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт: “Дар ҷаҳоне, ки ҳуши маснуъӣ басуръат дар ҳоли пешрафт аст, ниёз ба чаҳорчӯбҳо, посухгӯӣ ва меъёрҳои муштараки ҷаҳонӣ беш аз пеш эҳсос мешавад”.
Ӯ ин изҳоротро пас аз дидор бо Йошуа Бенҷио, риёзидони машҳури ҷаҳонӣ ва аъзои ҳайати машваратии илмии Созмони Милал, матраҳ кардааст.
Дабири кулли Созмони Милал афзуда, ки тахассуси ин ҳайат барои итминон аз ин ки ҳуши маснуъӣ ба нафъи ҳама бошад ва ба ҳама тааллуқ дошта бошад, ҳаётӣ ва муҳим аст.
Ин дар ҳолест, ки нигарониҳо дар бораи усули мудирият ва истифода аз фанновариҳои ҳуши маснуъӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ дар ҳоли афзоиш аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Украина аз тавофуқи Трамп бо Русия барои содироти дизел шадидан интиқод кард
Душанбе аз таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Теҳрон хабар дод
“Ал-Ҷазира”: Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия Душанберо ба домани Теҳрон тела медиҳад?
Ҷавонони Тоҷикистон аз Бозиҳои 20-уми Делфӣ 16 медал ба даст оварданд