Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2026 ба “Навӣ” Пиллэй, ҳуқуқшиноси маъруфи Африқои Ҷанубӣ дода шуд
Шабакаи иҷтимоии бузургтарини Русия аз Иттиҳоди Аврупо ба додгоҳ шикоят бурд
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: “Бачабозӣ” дар миёни Толибон идома дорад
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: Толибон кӯдаконро ба ҳайси сарбоз ҷалб мекунанд
Дабири кулли Созмони Милал аз дароз кардани муҳлати оташбас миёни Эрон ва Амрико истиқбол кард
Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз эъломи Амрико барои тамдиди оташбас бо Эрон истиқбол кард ва онро қадами муҳим барои коҳиши танишҳо ва фурсат ба дипломатия донист.
Ба гузориши расонаҳо, Стефан Дюжаррик, сухангӯи Созмони Милал, шоми сешанбе, 21-уми апрел (ба вақти маҳаллӣ) дар посух ба пурсишҳои хабарнигорон дар бораи вокуниши дабири кулли Созмони Милал ба тамдиди оташбас миёни Эрон ва Амрико, гуфт: “Дабири кулл аз эъломи Иёлоти Муттаҳида барои тамдиди оташбас истиқбол мекунад”.
Сухангӯи Созмони Милал чунин афзуд: “Ин қадами муҳим дар ҷиҳати коҳиши танишҳо ва эҷоди фазои ҳаётӣ барои дипломатия ва эътимодсозӣ байни Эрон ва Иёлоти Муттаҳида аст. Мо ҳамаи тарафҳоро ташвиқ мекунем, ки аз ин раванд истифода кунанд, аз иқдомҳое, ки метавонад оташбасро вайрон кунад, худдорӣ намоянд ва ба таври созанда дар музокирот барои дастёбӣ ба як роҳҳалли пойдор ва давомдор ширкат кунанд”.
Вай гуфт: “Дабири кулли Созмони Милал аз талошҳои Покистон дар барпо кардани музокироти бештар ҳимоят мекунад ва умедвор аст, ин талошҳо ба эҷоди шароите оварда расонад, ки дар натиҷа роҳҳалли ҷомеъ ва пойдор барои ин даргирӣ ба даст ояд”.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи сешанбе, 21-уми апрел (ба вақти маҳаллӣ) эълом кард: “Ба дархости Покистон, оташбас бо Эронро то замоне ки пешниҳоди онҳо (Эрон) ироа шавад ва музокирот ба ҳар навъе ба натиҷа бирасад, тамдид хоҳам кард”.
Трамп дар чаҳорчӯби рӯйкарди фишор ва зӯргӯии худ ҳамчунин, гуфт: “Бинобар ин, ман ба артиши худ дастур додаам, ки муҳосираро идома диҳад ва аз ҳар лиҳози дигар омода ва тавонманд боқӣ бимонад”.
Музокирот миёни Теҳрон ва Вашингтон 11-уми апрели соли 2026 дар Исломободи Покистон ба раёсати Муҳаммад Боқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Шурои Исломии Эрон бар ҳайати эронӣ ва низ Ҷей Ди Вэнс, муовини раиси ҷумҳури Амрико бар ҳайати амрикоӣ баргузор шуд, аммо бидуни дастёбӣ ба тавофуқ ба поён расид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Украина аз тавофуқи Трамп бо Русия барои содироти дизел шадидан интиқод кард
Душанбе аз таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Теҳрон хабар дод
“Ал-Ҷазира”: Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия Душанберо ба домани Теҳрон тела медиҳад?
Ҷавонони Тоҷикистон аз Бозиҳои 20-уми Делфӣ 16 медал ба даст оварданд