Масъалаи будубош ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Молдова баррасӣ гардид
Пешниҳоди Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ: метавонем таъминкунандаи боэътимоди дарозмуддат бошем
Президенти Сербистон истеъфо дод
Бо дастури Президент мактаби №6-и шаҳри Хоруғ ба номи Алишери Мирзонабот номгузорӣ мешавад
Сироҷиддин Муҳриддин зарурати гузариш ба иқтисодиёти “сабз”-ро таъкид намуд
17-уми апрел дар Маскав Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вохӯрии нуҳуми вазирони корҳои хориҷӣ дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Россия» иштирок кард.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни нишаст ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои шашҷониба баррасӣ шуд.
"Таваҷҷуҳи вежа ба раванди татбиқи мувофиқаҳои аз натиҷаи саммити дуюми сарони давлатҳои қолаби «Осиёи Марказӣ – Россия» дар шаҳри Душанбе ҳосилшуда, зоҳир гардид" - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ меафзояд, ки вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ зарурати гузариш ба иқтисодиёти “сабз”-ро таъкид намуда, ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи энергетикаи барқароршаванда, ташаккули «кластерҳои сабз» ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим даъват кард.
Гуфта мешавад, ки бо назардошти нақши фаъоли Тоҷикистон дар дипломатияи ҷаҳонии обу иқлим, Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин пешниҳод кард, ки платформаи махсус ҷиҳати табодули технологияҳо ва таҷрибаҳои пешқадам дар доираи рӯзномаи экологӣ таъсис гардад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Беш аз 200 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» рақобат мекунанд
Омӯзгор ва мураббии соли Тоҷикистон-2026 маълум шуданд
Толибон роҳи транзитии Чину Афғонистон - Вахонро ифтитоҳ намуданд
Қолибоф: “Эрон ҳам меҷангад ва ҳам музокира мекунад”