Тавҳини Трамп бар миллати Эрон: “Эрониҳо бадтарин миллати рӯи заминанд”
Кишварҳои Осиёи Марказӣ: Зарари офатҳои табиӣ дар ин минтақа дар 35 соли ахир беш аз 1 миллиард доллар аст
Владимир Зеленский: “Русия ба Эрон кумак мекунад”
Трамп: “Агар ҷанг намекардем Эрон аз бомби атомӣ бар зидди душманонаш истифода мекард”
Яъқубӣ: “Боварам намешавад, ки зинда мондам. Ҳамлаҳои Амрико ва режими саҳюнистӣ ноҷавонмардона аст”
Мураббии дастаи волейболи Эрон гуфта, ки ҳамлаҳои Амрико ва Исроил ба Эрон ноҷавонмардона аст, зеро онҳо мардуми бегуноҳро ҳадаф қарор медиҳанд.
Дар пайи ҳамлаи мушакии таассуфбори Амрико ва Исроил ба хиёбони Зарафшони Теҳрон, Комбиз Яъқубӣ, сармураббии собиқи тими волейболи “Истиқлоли гунбад”-и Эрон дучори ҷароҳат шудааст. Ин хабарро рӯзи гузашта (26-уми март) бошгоҳи Истиқлоли Эрон мунташир кард.
Яъқубӣ дар хусуси ин иттифоқи талх дар суҳбат ба ИРНА чунин гуфтааст: “Барои харид ба фурӯшгоҳе, ки дар наздикии маҳалли сукунати ман аст рафта будам ва билофосила пас аз он, ки аз фурӯшгоҳ хориҷ шавам ва ба сӯи автомобилам мерафтам, як мушак ба сохтмоне, ки дар фосилаи чандметрии фурӯшгоҳ буд, исобат кард ва дар як лаҳза ҳама ҷоро дуд фаро гирифт”.
Ӯ ҳамчунин, афзудааст, ки Эрон ҳеч гоҳ оғозкунандаи ҳеч ҷанге набуда ва ҳоло ҳам дар ҳоли дифоъ аз худ аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳорун Самарқандӣ: “Ояндаи тоҷикони Афғонистон ба ташаккули стратегияи мустақили сиёсӣ вобаста аст
“Ҳар чизе дар дасти мо буд, кардем”. Нурулло Алиев ба муҳимтарин муҳорибааш омода аст
Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод
Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад