Тавҳини Трамп бар миллати Эрон: “Эрониҳо бадтарин миллати рӯи заминанд”
Кишварҳои Осиёи Марказӣ: Зарари офатҳои табиӣ дар ин минтақа дар 35 соли ахир беш аз 1 миллиард доллар аст
Владимир Зеленский: “Русия ба Эрон кумак мекунад”
Трамп: “Агар ҷанг намекардем Эрон аз бомби атомӣ бар зидди душманонаш истифода мекард”
Эрон: Ҳамлаҳои мушакӣ ба ҳадафҳои амрикоӣ ва исроилӣ ду баробар шудааст
Сайидмаҷид Мусавӣ, фармондеҳи неруи ҳавофазои Сипоҳи Посдорон, аз афзоиши ҳамлаҳои мушакии Эрон ба ҳадафҳои амрикоӣ ва исроилӣ хабар додааст.
Мусавӣ рӯзи шанбе, 14-уми март дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии “Икс” навиштааст, ки дар 48 соати гузашта мизони ҳамлаҳои мушакии ин кишвар ба ҳадафҳои амрикоӣ ва исроилӣ ду баробар шудааст.
Фармондеҳи неруи ҳавофазои Сипоҳи Посдорони Эрон афзудааст: “Осмон ба рӯи мушакҳои бузурги Эрон гушуда шудааст. Танбеҳи таҷовузгарон идома дорад”.
Пештар, Эрон панҷ ҳавопаймои сӯхтрасони Иёлоти Муттаҳидаро дар Арабистони Саудӣ ва сафорати Амрикоро дар Бағдод ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор дода буд.
Ин дар ҳолест, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида низ рӯзи ҷумъа гуфта буд, ки амалиёти низомии Амрико ва Исроил алайҳи Эрон то замоне, ки лозим бошад, идома хоҳад дошт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳорун Самарқандӣ: “Ояндаи тоҷикони Афғонистон ба ташаккули стратегияи мустақили сиёсӣ вобаста аст
“Ҳар чизе дар дасти мо буд, кардем”. Нурулло Алиев ба муҳимтарин муҳорибааш омода аст
Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод
Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад