Маскав: ҳузури дубораи Амрико дар Афғонистон ба кишварҳои минтақа таҳдид аст
Трамп: “Дар куштани роҳбарони Эрон зиёдаравӣ кардем / Ҳоло бо кӣ гуфтугӯ кунем”
Фишори Трамп бар Зеленский: “Ба фикри тавофуқ бо Путин бош”
Артиши Яман аз сарнагун кардани паҳподи “Винг Лунг-2” хабар дод
Шаҳрвандони Тоҷикистон бо парвозҳои чартерӣ аз минтақаҳои ноором баргардонида мешаванд
Тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” муваззаф гаштааст, то дар ҳолати зарурӣ парвозҳои чартериро барои баргардонидани шаҳрвандон аз минтақаҳои ноором ба роҳ монад.
Дар ин росто, Вазорати корҳои хориҷӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки айни замон дар кишварҳои Ховари Миёна қарор доранд, иттилоъ медиҳад, ки ҳар касе нияти ба Ватан баргаштанро тавассути ин парвозҳо дорад, метавонад барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва сабти ном ба намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои дахлдор муроҷиат намояд.
Ҳамчунин, маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муроҷиати шаҳрвандон воситаҳои тамоси сафорату идораҳоро пешниҳод кардааст, ки шаҳрвандон метавонанд барои худро ба қайд гирифтан ва ба ватан баргаштан муроҷиат кунанд.
Маркази маълумотдиҳии Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» - +992446404049, +992446404050, +992937777459 (ватсап), +992901115022 (ватсап), +992901032000 (ватсап), Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон - Мобилӣ: +989363253147, WhatsApp: +992918818889, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва Подшоҳии Баҳрайн - Тел: (+966 11) 5120333, WhatsApp: +966563417592, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ - Тел: +(971)24417950, WhatsApp: +971581531574, Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай - Тел: +(971)43945814, WhatsApp: +971585081221, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт ва Салтанати Умон - Тел: (+965) 25329896, WhatsApp: +96565762307, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар - Тел: +974 44 12 39 06, WhatsApp: +97439902438, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон - Тел: +99391827271, WhatsApp: +9269738322, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон - Тел: +994513484032, WhatsApp: +994 51 348 40 32.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Нафси боиштиҳо”-и мошинҳо мақомоти Тоҷикистонро ба сӯйи Эрону Амрико мекашад
Сафари Президенти кишвар ба Шаҳринав аз боздиди Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода оғоз шуд
Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба Артиш 84 фоиз иҷро гардид
Файзалӣ Идизода бо иштирокчиёни Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд