Пешвои миллат дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ суханронӣ карданд
Сарвари давлат бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд
Ғолибони Бозиҳои XX-уми Делфӣ дар гала-консерт баромад карданд
Сарвари давлат дар Мулоқоти ҳаштуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон суханронӣ намуданд
04.03.2026 14:08
Маросими ифтитоҳи “Дафтари ёдбуд” дар Сафорати Эрон дар Тоҷикистон баргузор мешавад
Пас аз шаҳодати Раҳбари Инқилоби Исломӣ Сайид Алӣ Хоманаӣ ва ҷамъе аз мақомдорону шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Эрон маросими ифтитоҳи “Дафтари ёдбуд” барои адои эҳтиром ва изҳори ҳамдардӣ баргузор мешавад.
Тибқи иттилои Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, ин маросим рӯзи панҷшанбе, 5-уми марти соли 2026, аз соати 9:30 то 16:30 баргузор хоҳад шуд.
Ҳадафи маросим арҷгузорӣ ба шахсияти Оятуллоҳ Хоманаӣ ва изҳори ҳамдардӣ ба миллати Эрон мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Сайид Алӣ Хоманаӣ, роҳбари Инқилоби Исломӣ рӯзи 28-уми феврал дар пайи ҳамлаи мусаллаҳонаи Амрико ва режими Исроил ҳамроҳи якчанд узви хонаводааш, аз ҷумла набераи хурдсоли 16-моҳааш дар синни 86-солагӣ ба шаҳодат расид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
12.10.2026 19:10
Эътирози хиёбонии “Насли Z” ва хонадони Гандӣ дар муқобили ислоҳоти Модӣ дар Ҳиндустон: интихобот қоғазӣ шавад
Аз рӯзи 10-уми октябр ба ин сӯ дар шаҳри Деҳлии нав ва дигар шаҳрҳои Ҳиндустон ҷавонон ва тарафдорони Ҳизби конгресси Ҳиндустон намоишҳои хиёбонии эътирозӣ доир намуда, ҳукумати Модиро ба он муттаҳам мекунанд, ки мардумро аз ҳаққи овоздиҳӣ маҳрум мекунад.
12.10.2026 18:52
Озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” ҷамъбаст шуд
Имрӯз, 12-уми октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» ҷамъбаст шуда, ғолибон қадрдонӣ гардиданд.
12.10.2026 18:51
Боздошти зане, ки ба ноболиғон чилими электронӣ мефурӯхт
Дар пойтахти кишвар занеро барои фурӯши чилими электронӣ ба ноболиғон дастгир карданд.
12.10.2026 18:49
Бақоӣ: “Вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор ҳақиқат надорад”
Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, дар вокуниш ба хабари вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор гуфтааст, ки ин масъала бар асари “нофаҳмӣ” ба миён омадааст.
12.10.2026 18:39
Покистон: Беш аз 20 000 террорист дар Афғонистон паноҳ гирифтаанд
Атоуллоҳ Тарор, вазири иттилооти Покистон, гуфтааст, ки беш аз 20 ҳазор террорист, аз ҷумла зиёда аз 9 ҳазор узви гурӯҳи “Таҳрики Толибони Покистон” (ТТП), дар Афғонистон паноҳ гирифтаанд.
12.10.2026 15:35
Иттиҳоди Аврупо таҳримҳо алайҳи Русияро бо иловаи 1900 мавриди нав густариш медиҳад
Кая Каллас, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, рӯзи душанбе эълом кард, ки ин иттиҳод бо илова кардани 1900 мавриди нав ба феҳристи таҳримҳо алайҳи Русия мувофиқат кардааст.
12.10.2026 15:18
Соро Муҳаммад: Романи “Сармаддеҳ”-и Баҳманёр бо забони арабӣ нашр мешавад. Ман дар бораи ин роман рисолаи докторӣ дифоъ намудам
Соро Муҳаммад Солим, зодаи кишвари Миср аст. Ӯ рисолаи доктории худро дар мавзуи романи “Сармаддеҳ”-и Баҳманёр дар факултети забон ва адабиёти форсии Донишгоҳи Ал-Азҳари Миср дифоъ кардааст. Ҳоло ӯ дар ҳамин донишгоҳ дар бахши забон ва адабиёти форсӣ ба донишҷӯён таълим медиҳад.
12.10.2026 13:56
Иддаои Бен-Гвир: “Кулли Ғазза аз они мост”
Итамар Бен-Гвир, вазири амнияти дохилии Исроил, иддао кардааст, ки тамоми Навори Ғаззаро моли Исроил медонад ва орзуи тасарруфи ин минтақа ва бозгашт ба тамоми қаламрави онро дар сар дорад.
12.10.2026 13:49
Тағйири мавқеи Трамп дар қиболи Украина: Аврупо аз таҳияи стратегияи мустақили сулҳ мегӯяд
Андрюс Кубилюс, комиссари дифои Иттиҳоди Аврупо изҳор дошт, ки вақти он расидааст, то Аврупо ва Украина якҷо стратегияи мустақили сулҳро таҳия ва иҷро кунанд. Ин изҳорот дар пайи тағйири мавқеи Доналд Трамп, раиси ҷумҳури ИМА, дар қиболи Владимир Зеленский, раҳбари Украина, садо додааст.
12.10.2026 13:37
Дар Душанбе аз як шаҳрванди хориҷӣ 386 грамм маводи нашъадор дарёфт гардид
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти ҷавоне хабар дод, ки ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор гумонбар аст.
12.10.2026 13:36
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми ИМД эълон шуд
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории довталабонеро, ки дар давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2026 иштирок кардаанд, эълон кард.
12.10.2026 12:00
Кишварҳои Осиёи Марказӣ обро тақим карданд, вале кадом кишвар чӣ қадар мегирад пӯшида боқӣ мондааст
Панҷ кишвари Осиёи Марказӣ барои тақсими об гуфтугӯ намуда, ба ин натиҷа расиданд, ки барои фаслҳои тирамоҳу зимистони солҳои 2026 ва 2027 ҳар кишвар саҳми худ аз дарёҳои Омӯдарё ва Сирдарёро бигирад. Бар асоси иттилоъ, баъди созиши бадастомада ҳанӯз рақами мушаххас нашр нашудааст, ки кадом кишвар чӣ қадар об хоҳад гирифт.