Маскав: ҳузури дубораи Амрико дар Афғонистон ба кишварҳои минтақа таҳдид аст
Трамп: “Дар куштани роҳбарони Эрон зиёдаравӣ кардем / Ҳоло бо кӣ гуфтугӯ кунем”
Фишори Трамп бар Зеленский: “Ба фикри тавофуқ бо Путин бош”
Артиши Яман аз сарнагун кардани паҳподи “Винг Лунг-2” хабар дод
Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ дар суҳбат бо ИРНА: “Авлавияти аслӣ дифоъ аз кишвар дар баробари таҷовузи хориҷист. Мушкилот ҳалшавандаанд”
Муовини аввали давлатҳои ёздаҳум ва дувоздаҳуми Ҷумҳурии Исломии Эрон дар вокуниш ба таҷовузи ахири режими Исроил ва Амрико ба Эрон бо таъкид бар ин ки дифоъ аз тамомияти арзии кишвар дар садри ҳамаи масоил қарор дорад, хостори ҳимояти ҷиддӣ аз Неруҳои мусаллаҳ шуд.
Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ шаҳодати Раҳбари Инқилоби Исломии Эронро бузургтарин осеби ин таҷовуз донист ва изҳор дошт, ки ҷаҳони ислом мунтазири посухи қотеъи Эрон аст.
Ӯ бар зарурати пайгирии ҳамзамони сиёсати хориҷии иззатмандона ва муқобила бо фақр ва фасод дар дохил таъкид карда, гуфт, ки кишвар ба баҳонаҳои ҳавоӣ ва дурӯғҳои ошкор мавриди ҳамлаи режими Исроил ва Амрико қарор гирифтааст.
Ба гуфтаи ӯ, дар марҳилаи нахуст вазифаи ҳамаи масъулон ва мардум истифода аз ҳамаи зарфиятҳои кишвар барои дифоъ аз тамомияти он аст ва табиист, ки кишвари мавриди таҷовуз қароргирифта бояд аз тамоми тавони худ барои муқобила бо кишвари мутаҷовиз истифода кунад.
Ҷаҳонгирӣ бузургтарин хисороти лаҳзаҳои аввалро шаҳодати раҳбари сиёсӣ ва мазҳабии Эрон унвон кард, ки мавриди эҳтироми ҷомеаи мусулмонони ҷаҳон буд. Ӯ афзуд, вокуниши мусулмонон ва шиаён ҷиддӣ аст ва интизор доранд Эрон ба ин таҷовуз посух диҳад ва ҳеч вазифаи дигаре набояд ин масъулияти аслиро таҳти таъсир қарор диҳад. Вай ҳамчунин, бо ишора ба ташкили Шурои муваққати раҳбарӣ тибқи Қонуни асосӣ, изҳори умедворӣ кард, ки Маҷлиси хабарагон ба зудӣ барои таъйини раҳбари ҷадид иқдом хоҳад кард.
Ӯ вазъияти кунунии Эронро “хатари ҷиддӣ” тавсиф карда, Бинёмин Нетаняҳуро “хабистарин инсони рӯи замин” номид, ки ба гуфтаи вай дасти ӯ ба хуни мардуми Ғаза олӯда аст ва дар пайи таҷзия ва нобудии Эрон мебошад.
Вай ҳамчунин, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро “абзори дасти Нетаняҳу” хонд, ки бо изҳороти мутазод Амрикоро вориди ин ҷанг кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Нафси боиштиҳо”-и мошинҳо мақомоти Тоҷикистонро ба сӯйи Эрону Амрико мекашад
Сафари Президенти кишвар ба Шаҳринав аз боздиди Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода оғоз шуд
Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба Артиш 84 фоиз иҷро гардид
Файзалӣ Идизода бо иштирокчиёни Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд