13 Октябр 2026,
сешанбе, 11:41, Душанбе
28.02.2026 23:23

Мертс: “Олмон дар ҳамлаҳои Амрико ва Исроил алайҳи Эрон мушорикат надорад”

Фридрих Мертс, садри аъзами Олмон шаби шанбе гуфт, ки Берлин дар ҳамлаҳои Амрико ва Исроил алайҳи Эрон мушорикат накардааст.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории “DPO Europe” (Data Privacy Office Europe) ба нақл аз Стефан Корнелиус, сухангӯи давлати Олмон гузориш дод, ки соатҳое пас аз таҷовузи ҷинояткоронаи Амрико ва Исроил, Мертс дар тамосҳое телефонӣ бо Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил ва “шарикони дигар дар минтақа” гуфтугӯ карда ва ҳамоҳангиҳое бо Эммануэл Макрон, президенти Фаронса ва Киер Стармер, сарвазири Англия анҷом дод.

Корнелиус афзуд: “Давлати Олмон дар тамоси наздик бо шарикони амрикоӣ аст”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

12.10.2026 19:10

Эътирози хиёбонии “Насли Z” ва хонадони Гандӣ дар муқобили ислоҳоти Модӣ дар Ҳиндустон: интихобот қоғазӣ шавад

Аз рӯзи 10-уми октябр ба ин сӯ дар шаҳри Деҳлии нав ва дигар шаҳрҳои Ҳиндустон ҷавонон ва тарафдорони Ҳизби конгресси Ҳиндустон намоишҳои хиёбонии эътирозӣ доир намуда, ҳукумати Модиро ба он муттаҳам мекунанд, ки мардумро аз ҳаққи овоздиҳӣ маҳрум мекунад.
12.10.2026 18:49

Бақоӣ: “Вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор ҳақиқат надорад”

Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, дар вокуниш ба хабари вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор гуфтааст, ки ин масъала бар асари “нофаҳмӣ” ба миён омадааст.