Бонки миллии Тоҷикистон мағозаи интернетии худро фаъол кард. Аз он чӣ метавон харид?
Бонки Осиёии Рушд барои маблағгузории «Роғун 200 миллион доллар грант ва 300 миллион доллар қарзи имтиёзнокро пешбинӣ менамояд
Оид ба тақсимоти неруи барқ ва омӯзишу бунёди неругоҳҳои барқи обӣ ду Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
“Нафси боиштиҳо”-и мошинҳо мақомоти Тоҷикистонро ба сӯйи Эрону Амрико мекашад
Соли 2025 наздики миллиард сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шудааст
Тибқи иттилои Сулаймон Султонзода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми соли гузашта дар натиҷаи гузаронидани 467 санҷиши молиявӣ дар вазорату идора ва дигар ниҳодҳои кишвар 924,4 миллион сомони зарари молиявӣ ошкор шудааст.
Имрӯз, 13-уми феврал зимни нишасти матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта 1979 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ошкор шуда, аз ин шумора 1207 нафар ҳамчун гумонбар ва айбдоршаванда муайян карда шуда, нисбати 1059 нафар парвандаи ҷиноятӣ ба суд ирсол гардидааст.
Зикр гардид, ки дар соли 2025 бо назардошти рӯёнидани бақияи зарари соли қаблӣ 951,2 миллион сомонӣ, аз ҷумла 704,4 миллион сомонӣ ба буҷети давлатӣ ва 246,8 миллион сомонӣ ба корхонаю муассисаҳои давлатӣ барқарор карда шудааст.
Ҳамчунин, зимни нишасти хабарӣ гуфта шуд, ки дар сохторҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (159 ҷиноят), маориф ва илм (116 ҷиноят) Кумитаи давлатии идораи замин (беш аз 90 ҷиноят), мақомоти корҳои дохилӣ (88 ҷиноят), меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ (46 ҷиноят), мудофиа (27 ҷиноят) ва кишоварзӣ (24 ҷиноят) дар давраи ҳисоботӣ ҷиноятҳои марбут ба фасод бештар ошкор шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Зеленский: “Сӯзишвории Русия наметавонад ба коҳиши назарраси нархҳо дар Амрико мусоидат кунад”
Вэнс: “Фиристодаи вижаи Иёлоти Муттаҳида гуфтугӯҳо бо Русия ва Украинаро аз сар гирифт”
Дар Тоҷикистон 1050-солагии Робиаи Балхиро таҷлил карданд
Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Беларусия ба Тоҷикистон таҷҳизоти низомӣ ирсол мекунанд