24 Октябр 2026,
шанбе, 03:49, Душанбе
26.01.2026 09:27

Акмал Толибов: “Обуначӣ кам бошад, вале воқеан шавқманд”

Дар сегменти тоҷикии шабакаи Инстаграм рӯз аз рӯз блогерон зиёд шуда истодаанд, вале касоне, ки ба нафъи ҷомеа, барои тарғиби зебоиҳо, барои нишон додани давтовардҳо ва ғайраҳо кор мекунанд, хеле кам ҳастанд. Ин навбат Dialog.tj бо Акмал Толибов, блогере, ки дар саҳифааш минтақаҳои зебои Тоҷикистонро хеле муассир ва ҷаззоб нишон медиҳад, суҳбат кард.

Наворҳои таҳиякардаи Акмал Толибов аз дигарон ба кулли фарқ доранд. Мавсуф бо FPV-дрон наворбардорӣ мекунад ва ин дастгоҳ имкон медиҳад, ки гӯшаҳои зебоманзару тамошобоби Тоҷикистони биҳиштосо ба чашми сайёҳони дохиливу хориҷӣ беҳтару хубтар бирасанд.

- Кай ва чӣ сабаб шуд, ки ба наворбардорӣ, махсусан таҳияи видеоҳо барои шабакаи Инстаграм оғоз кардед?

- Ман ба ин машғулият ҳанӯз соли 2014 шавқ пайдо карда будам. Он вақт ягона василае, ки барои наворбардорӣ доштам, экшн-камераи GoPro буд. Бо гузашти вақт, ин шавқу рағбат маро оҳиста-оҳиста ба олами дронҳо ва наворбардории ҳавоӣ (аэровидеосъёмка) овард, ки албатта, бо гузашти 11 сол дар ин самт корҳои назаррасро анҷом додам.

- Наворҳои шумо хеле ҷолибанд. Аз баландиҳо зебоиҳои табиатро нишон медиҳед. Бигӯед, ки барои сохтани як видео чӣ қадар вақт сарф мекунед?

- Ин ба ҳар навор вобаста аст. Аксар вақт барои таҳияи як навор дар омодагӣ, наворбардорӣ ва танзим (монтаж) ҳафтаҳо лозим мешавад. Аммо видеоҳои ногаҳонӣ ё тасодуфӣ низ мешаванд, ки навор мегирам ва бо телефон танзим карда, дар саҳифаам мегузорам, ки якчанд соат вақтро мегиранд.

- Шумо бо FPV-дрон навор мегиред. Оё ин дастгоҳ гаронбаҳост?

- Дронҳо вобаста ба вазифа ва нархашон гуногун мешаванд. Дар мавриди FPV-дронҳо бошад, назар ба нарх бештар тахайюли наворбардор ва маҳорати идоракунии ӯ нақши калон мебозад.

- Чун наворҳои шумо бештар аз баландӣ гирифта мешаванд, ин кор чӣ душвориҳо дорад?

- Дар кори мо вазъи обу ҳаво хеле муҳим аст, зеро бештар душвориҳо маҳз бо сабаби нохуб будани ҳаво сар мезананд. Пеш аз оғози наворбардорӣ дақиқ мекунам, ки борону шамол набошад, зеро дар ҳолати боридани борон ва ё вазидани шамол он чизе, ки сабт кардан мехоҳам, наметавонам.

- Чаро худатонро дар наворҳоятон нишон намедиҳед?

- Ман дӯст намедорам, ки худам дар кадр бошам. Бароям бештар писанд аст, ки эҷодиётро нишон диҳам ва эҳсосотамро тавассути тасвир ба бинанда расонам.

- Барои сохтани наворҳоятон чӣ қадар маблағ сарф мекунед?

- Малбағи аниқ гуфта наметавонам, зеро ҳамааш ба наворе, ки бардоштан мехоҳам, вобаста аст. Баъзан барои як видео қувва ва маблағи зиёд сарф мешавад, вале гоҳо наворҳои одии камхарҷ мешаванд, ки ғайричашмдошт зебову хотирмон мебароянд.

- Вақте бори аввал саҳифаи шуморо дидам, гумон кардам, ки ин наворҳоро зеҳни сунъӣ сохтааст. Оё касоне ҳастанд, ки ба шумо чунин мегӯянд?

- Вақтҳои охир дар зери наворҳоям зуд-зуд чунин шарҳҳо менависанд, ки гӯё ин кори зеҳни сунъӣ бошад. Рости гап, чунин шарҳҳо бароям хушоянд ҳастанд, зеро ин маънои онро дорад, ки корҳои ман он қадар ғайриодӣ ва зебоянд, ки одамон ба воқеӣ будани онҳо бовар намекунанд.

- Шумо гӯшаҳои зебои кишварамон ва берун аз онро нишон медиҳед. Маконҳоро чӣ гуна интихоб мекунед?

- Бештари вақт бо дӯстон аз ғавғои шаҳр гурехта барои истироҳат ба минтақаҳои гуногун меравам. Дар ҳалқаи дӯстон аз тамошои табиат лаззат мебарем ва ҳатто макони махсусеро пешакӣ интихоб намекунем. Идеяҳои наворбардорӣ бошад, алакай дар ҷараёни сафар пайдо мешаванд.

- То имрӯз кадом макон ё навори гирифтаатон бароятон аҷибтарин буд?

— Ҳамаи ҷойҳо ба таври худ аҷибу зебоянд. Аммо шояд маконе, ки ман ҳар сол ба он ҷо бармегардам ва он ҷо эҳсоси як асрори нокушодаро дорад, Чилдухтарон мебошад.

- Наворҳои шумо минтақаҳои сайёҳии кишварро муаррифӣ мекунанд. Оё аз ҷониби давлат ё ширкатҳои сайёҳӣ пешниҳоди ҳамкорӣ мешавад?

- Бале, ман барои ҳамкорӣ бо созмонҳо ва ширкатҳои соҳаи сайёҳӣ омода ҳастам. Чанд бор намояндагони телевизионҳои давлатӣ низ бо пешниҳоди ҳамкорӣ ба ман муроҷиат карда буданд.

- Оё рӯйхати маконҳои махсусеро доред, ки мехоҳед дар оянда он ҷо навор гиред?

- Бале, рӯйхати ҷойҳое ҳаст, ки мехоҳам ба он ҷо равам. Бештар дар бораи онҳо аз шиносон ва ё аз нақли сокинони маҳаллӣ маълумот мегирам.

- Бо вуҷуди контенти ҷолиб, шумораи обуначиёни шумо чандон зиёд нест. Масалан, касе бо як латифагӯӣ 100 ҳазор обуначӣ дорад, вале блоги шумо камтар аз 14 ҳазор. Сабаб дар чист?

- Шояд сабаб дар он бошад, ки контенти ман барои оммаи васеъ нест. Ин бештар дар бораи фазо, эҳсосот ва зебоии лаҳзаҳост, на дар бораи шӯхиҳои зудгузар ё трендҳо. Чунин формат одатан аудиторияи худро каме сусттару дертар пайдо мекунад. Ба назари ман, обуначиёни саҳифаам касоне ҳастанд, ки воқеан ин видеоҳоро эҳсос ва қадр мекунанд. Фикр мекунам, беҳтар аст, ки обуначӣ кам бошад, вале воқеан шавқманд.

- Ба фикри шумо, ҳоло блогинги тоҷик дар кадом сатҳ қарор дорад?

- Фикр мекунам, ки мо ҳанӯз ҷойи рушд дорем ва иқтидори блогинги тоҷик хеле зиёд аст.

- Ҳар сол маросими ҷоизасупории блогерон баргузор мешавад, чаро шуморо дар он ҷо намебинем?

- Рости гап, намедонам. Шояд сабаб он бошад, ки наворбардорӣ барои ман на кори асосӣ, балки бештар як машғулияти дӯстдошта аст.

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

Хатти хабарҳо

23.10.2026 14:15

Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад

Чанд рӯз қабл масъулони гурӯҳи террористии Толибон бидуни ҳузури Чин роҳи Долони Вахонро, ки Афғонистонро бо Чин мепайвандад, ифтитоҳ намуданд. Чин фавран изҳорот дод, ки роҳ ба таври якҷониба аз сӯйи масъулони Толибон ифтитоҳ шуда, баста боқӣ мемонад ва ҳеч гуна равобити транзитӣ дар ин минтақа сурат нахоҳад гирифт.
23.10.2026 13:55

Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия изҳор дошт, ки шикасти ин кишвар дар майдони ҷанг ғайриимкон буда, идеяи расонидани шикасти стратегӣ ба Маскав воқеӣ нест. Ӯ ҳамчунин, гуфт, ки Русия нияти ҷанг бо Аврупоро надорад.
23.10.2026 13:45

Заминларза бо қувваи 7 бал дар Тибет: 16 нафар ба ҳалокат расида ва 65 тани дигар захмӣ шуданд

Дар пайи заминларза бо қувваи 7 бал дар минтақаи Сисзан (Тибет)-и Чин, ки шоми панҷшанбе рух дод, дастикам 16 нафар ба ҳалокат расида, 65 тани дигар захмӣ шудаанд. Си Ҷинпин, роҳбари давлати Чин дастур додааст, ки амалиёти наҷот бо тамоми нерӯ анҷом дода шавад.
23.10.2026 11:00

Байни Тоҷикистону Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ба имзо расид

Дар доираи саммити ҷаҳонии “Сармоягузорӣ ба некӯаҳволии кӯдакон: роҳ ба сӯи рушди устувор ва одилона барои наслҳои оянда”, ки дар шаҳри Самарқанд доир гашт, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдулллозода бо директори Агентии миллии ҳифзи иҷтимоии назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Оллоёров Мансурбек вохурӣ намуд.
23.10.2026 09:07

Зеленский: “Сӯзишвории Русия наметавонад ба коҳиши назарраси нархҳо дар Амрико мусоидат кунад”

Раиси ҷумҳури Украина мегӯяд, ҳаҷми сӯзишвории дизелие, ки Русия тибқи созиши ахир бо Вашингтон таъмин мекунад, барои таъсир гузоштан ба нархҳо дар бозори Амрико кофӣ нест. Ӯ ҳамчунин, Доналд Трампро даъват кардааст, ки барои ба мизи музокирот овардани Владимир Путин аз фишори бештар истифода кунад.
23.10.2026 08:59

Вэнс: “Фиристодаи вижаи Иёлоти Муттаҳида гуфтугӯҳо бо Русия ва Украинаро аз сар гирифт”

Ҷей Ди Вэнс, муовини раиси ҷумҳури Амрико, мегӯяд, ки Стив Уиткофф, фиристодаи вижаи ин кишвар, дар рӯзҳои ахир гуфтугӯ бо мақомоти Русия ва Украинаро аз сар гирифтааст.
23.10.2026 08:49

Дар Тоҷикистон 1050-солагии Робиаи Балхиро таҷлил карданд

Ба муносибати 1050-солагии яке аз аввалин занони шоир дар адабиёти тоҷику форс Робиаи Балхӣ рӯзи 21-уми октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони “Робиаи Балхӣ - нахустин нидои ишқ” ҳамоиши илмиву адабӣ баргузор гардид.
22.10.2026 14:26

Ҳорун Самарқандӣ: “Ояндаи тоҷикони Афғонистон ба ташаккули стратегияи мустақили сиёсӣ вобаста аст

Ҳорун Самарқандӣ дар рустои Самарқанди вилояти Бағлони Афғонистон таваллуд шудааст. Дар даври ҳукумати устод Раббонӣ ба ҳайси донишҷӯ дар Донишгоҳи Кобул дарс хондааст. Дарсҳояш ба итмом нарасида, муқовимат бар зидди гурӯҳи террористии Толибон оғоз мешавад ва ӯ дар дафтари Аҳмадшоҳи Масъуд муддате кор мекунад. Баъди омадани ҳукумати ҷадид ба раҳбарии Ҳомид Карзай дарсҳояшро дар Донишгоҳи тиббии Кобул идома дода, ин донишгоҳро хатм мекунад. Дар ин давра дар созмонҳои байналмилалии тандурустӣ кор кардааст. Дар соли 2015 ӯ ба ҳайси масъули бахши тандурустӣ ва равонии вилояти Бағлон кор кардааст. Қабл аз фурӯпошии ҳукумати Ашраф Ғанӣ аз Кобул хориҷ шуд ва ҳоло дар Миср кору зиндагӣ мекунад. Ӯ як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳақи тоҷикон, забони форсӣ ва ҳамгироии мардуми форсизабон дифоъ мекунад.
22.10.2026 11:16

Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод

Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёми нави худ гуфт, Теҳрон омода аст бори дигар ба дипломатия имконият диҳад. Ӯ таъкид кард, ин ба он вобаста мебошад, ки Амрико барои эҷоди эътимод ва расидан ба роҳи ҳалли одилона омодагӣ нишон диҳад.