Дар даври чоруми «Илм – фурӯғи маърифат» 700 довталаб иштирок мекунад
Рустами Эмомалӣ бо фаъолияти Хоҷагии моҳипарварии “Тоҷ-Корея” шинос шуд
Иштироки Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи Академияи футболи ВМКБ
Имсол дар хиёбони Саъдӣ Шерозӣ сохтмони эстакада ва як пули автомобилгард оғоз мегардад
Фармон имзо шуд. Маош, нафақа ва стипендия зиёд мешавад
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» ба тасвиб расид.
Тибқи фармони мазкур, маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 25 фоиз, маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф ба андозаи 20 фоиз зиёд карда мешавад.
Ҳамин тавр, музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ, кормандоне, ки дар соҳаи таъминоти иҷтимоӣ фаъолият менамоянд, кормандони соҳаи фарҳанг, кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот, ва кормандони дигар муассисаву ташкилотҳо низ, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, аз 1-уми сентябри соли 2026 ба андозаи 20 фоиз зиёд мегарданд.
Нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ дар сатҳи таварруми соли 2025, вале на кам аз 15 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия (зиёд) карда мешавад.
Ҳамчунин, бояд гуфт, ки аз 1-уми сентябри соли 2026 ҳадди ақалли музди меҳнат дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти кишвар ба андозаи 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда мешавад, яъне музди меҳнати моҳонаи кормандон дар ҳамаи муассисаю ташкилотҳо ва корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон набояд аз 1300 сомонӣ кам бошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати хориҷии Тоҷикистон ҳамла ба фурудгоҳҳо ва зерсохторҳои энергетикии Арабистони Саудиро маҳкум кард
Песков: “Аврупо барои идомаи ҷанг дар Украина талош мекунад”
ЮНИСЕФ: беш аз 2,6 миллион духтар дар Афғонистон аз таҳсил маҳрум шудаанд
Таҳлилгари Саудӣ: Арабистони Саудӣ қасд дорад ба зерсохторҳои энергетикии Яман ҳамла кунад