Маскав: ҳузури дубораи Амрико дар Афғонистон ба кишварҳои минтақа таҳдид аст
Трамп: “Дар куштани роҳбарони Эрон зиёдаравӣ кардем / Ҳоло бо кӣ гуфтугӯ кунем”
Фишори Трамп бар Зеленский: “Ба фикри тавофуқ бо Путин бош”
Артиши Яман аз сарнагун кардани паҳподи “Винг Лунг-2” хабар дод
Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Ҷумҳурии исломӣ муздурии бегонагонро таҳаммул намекунад”
Ба гузориши расонаҳои Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, роҳбари Инқилоби исломии ҶИЭ субҳи дирӯз дар солгарди Қиёми мардуми Қум дар 9-уми январи соли 1977, дар мулоқот бо ҳазорон нафар мардуми ин шаҳр хатои муҳосиботии режими Паҳлавӣ ва пуштибони асосии он, Иёлоти Муттаҳидаро асоси шикасти онҳо бар миллати Эрон номид ва дар ин бора чунин таъкид кард: “Имрӯз низ миллати Эрон, ки аз ҷиҳати нармафзор, маънавиёт ва таҷҳизоти сахтафзор аз он рӯз хеле қавитар аст, ба шарофати низоми Ҷумҳурии Исломӣ, Амрикои мутакаббир ва дучори муҳосиботи ғалатро шикаст хоҳад дод ва низоми пурқудрати исломӣ, ки бо хуни садҳо ҳазор шаҳиди шариф ба қудрат расида, дар муқобили афроди бефикр ва иғтишошгар, ки даст ба харобкорӣ мезананд, ақибнишинӣ нахоҳад кард”.
Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба баъзе аз ҳодисаҳои харобиовари охири кишвари Эрон гуфт: “Афроде ҳастанд, ки кори онҳо харобкорӣ аст, ҳамон тавре ки шаби гузашта дар Теҳрон ва баъзе ҷойҳои дигар як мушт тахрибкор омада, биноҳои марбут ба кишвари худро хароб карданд, то президенти Иёлоти Муттаҳидаро хушнуд кунанд”.
Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуд: “Ӯ ҳам дилаш хуш аст, аммо агар тавонад, бояд рафта кишвари худро идора кунад, ки даргири ҳаводиси гуногун аст. Дар Ҷанги 12-рӯза хуни беш аз ҳазор эронӣ дар дасташ буд ва худаш эътироф кард, ки фармони ҳамла ва фармондеҳиро дар ин ҷанг додааст. Сипас, ҳамин шахс мегӯяд, ки ӯ пуштибони мардуми Эрон аст ва одамони бепарво ва беандеша ба ин бовар мекунанд ва қуттиҳои партовро оташ мезананд ва ин корҳоро мувофиқи хоҳиши ӯ анҷом медиҳанд”.
Оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид ба он ки Ҷумҳурии Исломӣ дар муқобили харобкорон ақибнишинӣ нахоҳад кард, гуфт: “Ҷумҳурии Исломӣ муздурони хориҷиро таҳаммул намекунад ва миллати Эрон муздурони хориҷиро, ҳар кӣ бошанд, рад мекунад”.
Дар бораи президенти ИМА, роҳбари Инқилоби исломии Эрон гуфт: “Он пире, ки бо нахват ва такаббур роҷеъ ба ҳама дунё ҳарф мезанад ва қазоват мекунад, бояд бидонад, ки одатан золимону мутакаббирони ҷаҳон, ба монанди Намруд, Фиръавн, Ризохон ва Муҳаммад Ризо Паҳлавӣ, вақте ки дар авҷи ғурур буданд, сарнагун шуданд ва ӯ низ сарнагун хоҳад шуд.”
Оятуллоҳ Хоманаӣ режими золим ва ситамкори Паҳлавиро бадтарин режими даврони муосир донист ва афзуд: “Вақте ки он режими фосид ва заиф, чунон ки Имом ваъда дода буд, нобуд шуд, як ҳукумати мардумӣ ба қудрат расид ва ба ҷои режиме, ки ба “Амрико, саҳюнизм ва дигар авбошони ҷаҳони сиёсӣ” вобаста буд, дар Эрони азиз як ҳукумати мустақил таъсис ёфт”.
Оятуллоҳ Хоманаӣ имон ба Ислом, ғайрати динӣ, эҳсоси масъулият ва муҳаббат ба Эронро аз ҷумлаи унсурҳои пурқудратии миллати Эрон дар муқобила бо режими лӯхтаки Паҳлавӣ донист ва афзуд: “Миллат дид, ки амрикоиҳо ва муздурони онҳо ва онҳое, ки бо саҳюнистҳо алоқаманданд, кишвари онҳоро идора мекунанд, ин воқеиятҳо онҳоро хашмгин ва нафратовар кард”.
Оятуллоҳ Хоманаӣ бо шарҳи натиҷаҳои муқовимати миллати Эрон дар муқобили зӯроварии Амрико чунин таъкид кард: “Имрӯз миллати сарбаланду пурифтихори Эрон аз ҷиҳати нармафзор ва силоҳҳои маънавӣ нисбат ба он давра қавитар, муттаҳидтар ва омодатар аст ва вазъияти он аз ҷиҳати қудрати сахтафзорӣ низ бо он рӯз қобили муқоиса нест”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Нафси боиштиҳо”-и мошинҳо мақомоти Тоҷикистонро ба сӯйи Эрону Амрико мекашад
Сафари Президенти кишвар ба Шаҳринав аз боздиди Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода оғоз шуд
Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба Артиш 84 фоиз иҷро гардид
Файзалӣ Идизода бо иштирокчиёни Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд